Мавлуда Маҳкамова сокини шаҳри Конибодом буда, зани танҳо ва маъюби гурӯҳи якум мебошад. Ин зан роҳ гашта наметавонад, вале ба маъюбиаш нигоҳ накарда дар шароити хона барои худ ҷойи корӣ муҳайё намудааст.
Мавлуда Маҳкамова қаблан солим буд ва дар яке аз мактабҳои шаҳр аз фанни забони англисӣ дарс медод, вале баъд ба буғумдард гирифтор гашту бо ҳамин сабаб 11-бор устухонҳои пояш шикаста, ӯро пойбанди аробачаи маъбӣ гардониданд.
Маҳкамова зани 70 сола буда, 20 сол боз бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, вале аз зиндагӣ наумед нашуда, ба хоҳишмандон забони англисӣ меомӯзад.
Тавре ки худи қаҳрамони мо нақл мекунад, шавқи омӯхтани забони англисӣ ҳанӯз аз даврони бачагӣ дар дилаш маъво гирифта буд ва ӯ бо азму иродаи қавӣ аз паси омӯхтани ин абон шуда, орзуяшро амалӣ гардонд. Мавлуда баъди хатми мактаби миёна ба факултаи педодогии донишгоҳи ба номи Т. Г Шевченкои шаҳри Душанбе дохил шуда, ин даргоҳро бо муваффақият хатм кард. Баъди хатми долнишгоҳ то дами аз пойи равон мондан, яъне то 20 соли пеш дар маткбти миёна ба хонандагон дарс медод, вале баъдан дарди қаттол ӯро пбанди аробачаи маъюбӣ гардонд.
Мавлуда соҳиби ду духтар аст, ки яке табиб ва дуюмӣ бухгалтер буда, ҳарду дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд.
Шогирдонанаш 5 то 40 солаанд
Дар хонаи Мавлуда Маҳкамова китобҳои зиёди дарсӣ ва омӯзишӣ мавҷуд буда, манзилаш китобхонаро мемонанд. Шогирдони зиёди ин муаллимаи маълул ҳар рӯз гурӯҳ- гурӯҳ ба хонааш омада аз ӯ дарси забони англисӣ меомӯзанд.
Хонандагон дар ду баст- то нисфирӯзӣ ва баъди нисфирӯзӣ ба хонаи Маҳкамова омада дарс мегиранд ва ҳамзамон ба устодашон ёрӣ медиҳанд. Шгирдони Мавлудаи маълул аз 5 сола то 40 сола ҳастанд. Худи маҳкамова донандаи хуби чаҳор забон-тоҷикӣ, русӣ англисӣ ва ӯзбекӣ мебошад.
Тавре ки худи зан нақл мекунад, агарчӣ аз пойи равон мондаву дар танҳоӣ зиндагӣ кунад ҳам, шод аз он аст, ки аз ҷиҳати молӣ танқисӣ намекашад ва илму дониши доштааш дастгираш гаштаасту ба касе мӯҳтоҷ нест. Як соати дарси Маҳкамова 15 сомонӣ арзиш дорад ва муаллима аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад. Ихлосмандонаш хеле зиёданд, чунки Мавлуда Маҳкамова услуби хоси худро дошта, роҳҳои осони мӯхтани забони ангисиро ба шогирдонаш ёд медиҳад. Аз ҳамин сабаб дамони зиёде навбат меистанд, то ки муаллима ба худи онҳо ва фарзандонашон забон омӯзад.
4 одам даркор, ки аз ошёнаи 4 фароям
Мавлуда Маҳкамова мегӯяд, қариб тамоми умраш дар хона мегузарад, зеро манзилаш дар ошёнаи чорум ҷойгир буда, барои ба поён фаровардани ӯ бо аробачаи маъбиаш чор одами боқувват даркоранд. Тавре ки қаҳрамони мо нақл мекунад, дар як сол танҳо як бор барои тамошои табиат мебарояду халос.
Муаллима охирон маротиба соли гузашта дар арафаи иди Қурбон ба берун баромада буд ва то имрӯз танҳо чаҳор девори хонаро мебинаду бас.
Мавлуда Маҳкамова бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд доштан натанҳо дарс медиҳад, балки дар вақтҳои фориғ аз омӯзонидан барои дӯхтани кӯрпаву болин фармоиш қабул карда, аз ин ҳисоб низ маблағ ба даст меорад. Ин зани панҷ панҷааш ҳунар ҳамчунин маҳрати бофандагӣ дошта, барои мизоҷонаш ҷӯроб, жемпер ва нимтанаҳои пашмин мебофад. Маҳкамова бар он ақида аст, ки инсон хоҳ солим бошад, хоҳ маъюб бояд вақтро пурсамар гузаронад ва ғанимат будани ҳар лаҳзаи умрро фаромӯш накунад.
Фарзона Муродӣ
Мадина Почоева