Муаллимаи ҷавони забони англисӣ Қурбонбӣ Шукурова, ки чанд вақт қабл пас аз як навори баҳсбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи корбарон қарор гирифта буд, бо ифтихорнома ва туҳфа қадрдонӣ шуд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ҳузури шахсӣ ба Гимназияи №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ рафта, ба омӯзгори ҷавон барои фаъолияти омӯзгорӣ ва муносибати масъулона ба касб ифтихорнома ва туҳфа тақдим кардааст.
Қурбонбӣ Шукурова баъди нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф шуд. Дар он яке аз хонандагони муассисаи таълимӣ аз гирифтани баҳои «2» аз фанни забони англисӣ изҳори норозигӣ мекард. Навор дар муддати кӯтоҳ миёни корбарон паҳн шуда, баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Тибқи шарҳи омӯзгор, хонанда ба дарс бе омодагии зарурӣ ҳозир шуда, ба ҳамин далел баҳои «2» гирифтааст. Ин ҳолат вокунишҳои мухталифро ба бор оварда, бархе аз корбарон аз омӯзгор ҷонибдорӣ кардаву бархеи дигар ба тарзи баҳогузорӣ савол гузошта буданд.
Акнун, пас аз гузашти чанд вақт, Вазорати маориф ва илм омӯзгори ҷавонро дар муҳити муассисаи таълимӣ қадрдонӣ кард. Ин иқдом таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро низ дубора ба саргузашти муаллима ҷалб кардааст.
Қадрдонии Қурбонбӣ Шукурова нишон медиҳад, ки як баҳси интернетӣ ҳатман ба маънои баҳои манфӣ ба фаъолияти омӯзгор нест ва фаъолияти омӯзгор метавонад берун аз як навори кӯтоҳ ва баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ шавад.