Муаллим - пайки нур ва ҳидоят
183

Дар тамоми гӯшаю канори олам муаллим мақоми баланду гиромӣ дорад. Зеро ин шахсияти бузург бо илму маърифат насли наврасро тарбия намуда, бо заҳмати шабонарӯзияш роҳи рушду пешрафти ҷомеаро ҳамвор месозад. Шоҳону олимон ва нобиғаҳои ҷаҳонӣ аз омӯзгор сабақ гирифтаанду маҳз бо ҳидоятҳои ӯ то ба ин мартаба расидаанд. Аз ин рӯ, омӯзгор дар олам баландтарин мақомро дорост.

Аз сарвазири Ҷопон сабаби пешрафти кишварашро мепурсанд. Ӯ чунин посух медиҳад: «Мо ба муаллимон моҳонаи вазир, ҳимояи дипломат ва эҳтироми императорро додем». Воқеан, дар ин кишвар омӯзгор соҳиби эҳтироми бузург аст. Ҳатто ҷопониён кӯшиш мекунанд аз паси муаллим ҳафт қадам қафотар роҳ раванд, то сояашро зер накунанд.

Дар Британияи Кабир мегӯянд, ки «кӯдак нобиға аст, ӯ мисли муаллим фикр мекунад». Сарватмандони Фаронса барои бо маҳали зисташон ифтихор кардан саъй мекунанд, ки ҳамсояашон муаллим бошад. Мардуми Италия бар он назаранд, ки бояд ба соҳибони се касб роҳ кушод: ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунандагон ва муаллим. Мардуми Шветсия мегӯянд: «Фарзанди аввалинам табиб аст, аммо фарзанди дуюмам мехоҳад аз ӯ ихтисоси беҳтаре дошта бошад, яъне вай омӯзгор шудан мехоҳад».

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон роҳбари давлати Шӯравӣ И. В. Сталин омӯзгоронро ба ҷанг сафарбар накард. Дар ин баробар амр дод, ки онҳоро барои ҳифзу ҳимоя дар хандақҳои зеризаминӣ ҷой кунанд. Вақте атрофиёнаш аз ў сабаб пурсиданд, чунин посух дод: «Агар мо дар ҷанг пирӯз шавем, барои кушодани ҷаҳон ба онҳо ниёз дорем, вале агар мағлуб шавем, ба онҳо барои сохтани кишвар ниёз дорем».

Бале, омӯзгор дар ҳама давру замон мақому мартабаи баланд дошта, ҷомеа доимо ба чунин шахсияти бузург ниёз дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки техникаву технология босуръат рушд меёбад, нақши омӯзгор боз ҳам бештар эҳсос мегардад.

Таҳияи Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД