Муаллим Ориф Партоев мошин туҳфа гирифт
157

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Русия - «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю. А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварда, ба муаллим Партоев Ориф мошин туҳфа карданд.

Бояд гуфт, ки Ориф Партоев омӯзгори забони русии МТМУ 24-и деҳаи Ҷербулоқи ноҳияи Темурмалик мебошад. Деҳаи мазкур аз маркази ноҳия 8 километр дур буда, роҳи ноҳамвор дорад. Муаллим 18 сол буд, ки ин роҳи ноҳамворро пиёда тай карда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Ӯ нисбат ба хонандагон ғамхору меҳрубон буда, маҳз меҳрубонӣ ӯро водор кард, ки аз назди 3 муассисаи дигар гузашта, ба он мактаб равад, зеро медонист, ки дар ин деҳа омӯзгор намерасад.

Чанде пеш муаллим Партоев Ориф аз ҷониби вазири маориф ва илм ва муовини Сарвазири кишвар бо нишони “Аълочии маориф ва илм” қадрдонӣ гардид.

Дар муаррифии шоистаи кори омӯзгор саҳми арзандаи рӯзноманигор ва блогери самти сайёҳӣ, бародари азизи мо - Шералӣ Давлатов арзанда аст, зеро кори пурмашаққати устодро маҳз ӯ гузориши вижае карда буд.

Ҷаҳонгири РУСТАМШОҲ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД