Formula novemver 2024
МУҲАББАТИ НОМАРД (Қисми 3)
3811


Идомааш ...
Ӯ гузаштаашро чунин нақл кард: “деҳқондухтараму дар хоҷагии деҳқонии деҳа кор мекунам. Як бегоҳ вақте аз сари замин ба хона меомадам, дар роҳ бо ҷавоне вохӯрдам. Ӯ маро ба мошинаш савор карда, то назди хонаамон овард. Дар роҳ бо ҳам хеле суҳбат кардем. Ҷавони хеле зебо буд ва мани беақл ба ӯ дил додам. Минбаъд қариб ҳар рӯз вомехӯрдем. Ӯ ҳамеша ба ман ваъда медод, ки маро ба занӣ мегирад. Баъд аз 2 моҳи суҳбату вохӯриҳоямон як шом ба наздам омад. Зиқ метофт. Хост, ки бо ҳам суҳбат кунем, то зиқиаш барояд. Маро ба ҷойи танзҳое бурданӣ шуд. Якҷоя тарафи пахтазор рафтем, чунки намехостам касе аз ҳамсояҳо ва падару модарам муносибати моро донад. Роҳ дароз буду пиёда мерафтем. Хеле суҳбат кардем. Ташна монда. Ӯ дар дасташ оби газнок дошт, онро ба ман дод, то ташнагиамро шиканам. Обро нӯшидаму чанд лаҳза баъд пеши чашмамро сиёҳӣ гирифт. Дигар чизеро ба ёд надорам” гуфт духтарак ва сарашро ба шонаҳоям гузошта, бо алам гиря кард.
Саргузашти худам пеши назарам омад. Қисмати ин духтарак айнан ба ман монанд буд. Давомашро ҳам донистан хостам.“Вақте ба ҳуш омад лублуч омадам. Лаънатии духтариамро гирифта буд. зиндагиамро сӯзонда буд, саги ҳаромӣ. Баъд дигар ӯро надидам. Як бегоҳ пайдо шуд ва боз ваъда дод, ки ҳатман хостгорҳояшро ба хонаамон мефиристад.
Аз ман хост, ки якҷоя ба беморхона равем. Пагоҳи он рӯз рафтем. Ӯ маро ба як духтури шиносаш нишон дод. дхтур гуфт, ки ҳомиладор шудаам ва ӯро ба муносибати падар шуданаш табрик кард. Чанд дору навишт. Вақте ӯ барои харидани онҳо рафт, духтурро зора кардам то кӯдакамро тоза кунад. Ӯ ҳам розӣ шуд ва баъди ду рӯз исқот кардам.
Ӯ инро фаҳмиду сахт асабӣ шуд. Акнун таҳдидам мекарду пул мепурсид. Дигар чорае надорам. Ҳамеша барои вай кор мекунаму пули ёфтаамро бурда ба ӯ медиҳам. Бар замми ин қариб ҳар ҳафта ба деҳа омада, бегоҳ маро ба заминҳои пахтазор мебарад ва корҳои ҳаром мекунад. Вақте ба маркази ноҳия пул барам, ба як хона мебарад ва азобам медиҳад. Ҳам таҷовуз мекунаду ҳам мезанад. Инчунин, кор мефармояд. Хайрият, ки зан гирифт, аммо аз он духтараки бечора ҷудо шуд. Акнун боз маро азоб дода истодааст”.
“Ӯ туро бо чӣ таҳдид мекунад?”, - гуфта, пурсидам. “Ҳамеша мегӯяд, ки агар пул набарамаш ва гапашро нагирам, наворҳои ҳаромашро ба интернет мегузораду маро шарманда мекунад”. Духтарак боз гирист. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки агар расмашро дошта бошад, онро ба ман нишон диҳад. Вақте расмашро дидам, чеҳраи ҳарому пасти ҳамон Мусъаби лаънатӣ буд, ки маро ҳам айнан ҳамин тавр фиреб дода буду ин духтарро ҳам. Вақте ба деҳа расидем ӯ тарафи хонаи худашон рафту ман ҷониби хонаи худамон ва ҳамин тавр дигар ӯро надидам.
Рӯзе ҳамон ҳамкори пешинаамро дидам, ки аз деҳаи Мусъабино буд. Чун дар бораи Мусъаб аз ӯ пурсидам гуфт, ки хушдори ман як нокаси бекори арақнӯш аст. Ӯ духтаронро фиреб дода, ба дом меафтонаду баъд аз ҳисоби онҳо маишат карда мегардад. То имрӯз чандин духтарро фиреб дода, ҳаёташро сӯзонидаст. Аз ин духтарак сахт ранҷидам, ки дар вақташ хислати ҳамдеҳаашро медонист ва ҳам аз муносибати мо огоҳ буд, вале ба ман чизе нагуфт. Аз сабаби оне, ки саросема будам, хайрухуш карда, ба роҳам рафтам.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми чор сол кор кардам. Дар мавсими пахтачинӣ ба деҳа мерафтаму ба модарам кӯмак мекардам вва боз ба ноҳия меомадам. Соли охир кори вазнини саҳро ба саломатиам зарар расонду бемор шудам ва дар беморхона хоб кардам. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан қариб якуним сол дар хона бекор шиштам. Бекорӣ ба дилам заду тасмим гирифтам, ки боз дубора ба кор бароям. Падару модарам нагузоштанд, ки дигар ба ноҳия раваму дӯзандагиамро давом диҳам.
Як рӯз ба хонаи апаам меҳмонӣ рафтам. Занаки ҳамсояашон ҳам барои суҳбат бо ману апаам омад. Занаки ҳамсоя дар муассисаи таълимии деҳа фаррош шуда, кор мекард. Вақте фаҳмид, ки кор мекобам маро барои кор дар муассиса даъват кард.
Ба хона рафта, бо волидонам маслиҳат кардам. Бо розигии онҳо ба мактаб ба кор омадам. Рӯзона кор мекардаму шабона дар хонаи апаам меистодам, зеро язнаам дар Русия буд. Баъди як моҳи кор бо як муаллими ҷавон дар вақти танаффус ҳамсуҳбат шудам. Ӯ пешниҳод кард, ки агар хоҳам

метавонад маро ба ягон донишгоҳ дохил кунад. Бисёр мехостам муаллима шуда кор кунам.
Бегоҳ ба хонаи худамон барои маслиҳат кардан рафтам. Баъди пурсупоси зиёд ниҳоят розигии хонаводаамонро гирифтам. Моҳи август ҳамроҳи муаллим ба пойтахт рафтему ба шуъбаи ғоибонаи дар яке аз донишгоҳҳо ҳуҷҷат супоридам. Хушбахтона қабул шудаму сар номи донишҷӯро ба худ гирифтам.
Дарсҳоям ҳам сар шуданд. Боз ҳамроҳи он муаллим ба пойтахт рафтем, зеро на роҳро медонистаму на донишгоҳро. Муаллим шаҳрро ба ман нишон медоду дар таҳсилам кӯмак мекард. Баъди тақрибан 20 рӯз дарсҳо тамом шуданду якҷоя ба деҳа баргаштем. Рӯзе, ки аз шаҳр меомадем, апаи Мусъаб моро бо муаллим дида, ба додараш гуфтааст. Лаънатӣ боз занг заду таҳдид кард ва маблағ пурсид. Азбаски пул надоштам, надорам надорам. Гуфт, ки пулро барам, в - агарна ба муаллим занг зада, ҳамаашро мегӯяму расмҳоятро нишонаш медиҳам. Чӣ коре мехоҳӣ кун гуфтаму телефонро хомӯш кардам.
Пагоҳ вақте ба мактаб рафтам, худам он воқеаи нангинро ба муаллим гуфтам. Вақти дар пойтахт буднамон муаллим ба ман изҳори муҳаббат карда буд. Азбаски ҷавони хуб буд, муҳаббаташро қабул кардам. Баъди нақл кардан муносибати муаллим бо ман тамоман сард шуду ба зангҳоям ҷавоб намедод.
Рӯзе боз Мусъаб занг зад ва киноя зад, ки муаллим аз ман рӯ гардонд. Боз пул хост, вале ин дафъа бо қаҳр намедиҳамат гуфтаму телефонро хомӯш кардам. Баъди ин бенангии ба сарам омада на шавҳар карда метавонаму на ором мегардам. Метарсам, ки Мусъаб аксҳоямро ба интернет мегузораду маро шарманда мекунад. Бисёр мехоҳам, ки бе номи фоҳишагӣ баровардан худро кушаму аз ин азоб халос шавам”.
Инро гуфту духтарак хомӯш монд. Ашк аз чашмонаш ҷорӣ шудан гирифтанд. Ман ҳам беихтиёр сабрро аз даст додаму ба ҳоли зори духтараки фиребхӯрдаи бечора гиристам. Оҳиста – оҳиста пардаи шаб болои офтобро мепӯшонид. Мо ҳам суҳбатамонро анҷом дода, тарафи хонаи худ роҳакӣ шудем. Рақамашро гирифтаму ваъда додам, ки баъди навиштани саргузашташ ҳатман ӯро огоҳ мекунам. Баъди ягон ду ҳафта саргузашти талхи ин духтараки ноком рӯи саҳифа омад. Барои мувофиқа карданш ба ӯ занг задам. Телефонаш хомӯш буд. дертар боз занг задам. Телефонро каси дигаре бардошт. Вақте аз аҳволи Санам пурсидам, бо гиря гуфт, ки апааш ду ҳафта пеш худро ба дор овехта кушт. Сабабшро пурсидам ва ӯ “намедонам танҳо дар як хатча чизе навишта, баъд худашро куштааст” гуфт ва кӣ буданамро пурсид. Дӯсташ гуфтаму хостам мазмуни мактубшро гӯяд. “Ман дигар дар ин дунё зиндагӣ карда наметавонам. Маро бубахшед” навишта шуда буд гуфту гирист. Ҳатто сабабшро намедонем.
Фаҳмидам, ки духтараки бечора охир барои шарманда нашудану аз Мусъаб халос шудан худро ба дор овехтааст. Падару модари зораш, ки аз ин воқеааи нангини ба сари Санам омада огоҳ набуданд, бо ҷигари пурхун аз худ мепурсиданд, ки чаро духтаракашон ба онҳо фироқи фарзандро нишон дод. але, санамро дарди бедавои нанг ба зери хоки сиёҳи сард бурд.


P. S: Ин фоҷиа чанд сол қабл дар яке аз ноҳияҳои минтақаи Рашт рух дода аст. Аслан пештар мехостам онро нашр кунам, вале гиряи талхи хоҳари Санами гуррамарг намегузошт, то сабаби худкушии апаи нокомашро ба хонанда гӯям. Ба хотири эҳтироми руҳи духтарак номҳоро иваз кардем, то падару модараш ин воқеаи нангинро, ки ба сари гулдухтарашон омада буд, надонанду бештар насӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД