Arzon march 2024
МУҲАББАТИ НОМАРД (Қисми 2)
4830


Идомааш ...
- Зиқ нашав, ҷонам! Ба касе ҳам аз асли воқеа чизе нагӯй. Баъди чанд рӯз ман падару модарамро ба хонаи шумо мефиристам ва ҳатман туро ба занӣ мегирам.
Баъди ин ногаҳон сарам чарх заду афтидам. Дилам ба дард даромад. Субҳи он рӯз мо ҳарду ба беморхонаи ноҳия рафтем. Баъди ташхиси духтур маълум шуд, ки ман ҳомиладор шудаам. Духтур Мусъабро шавҳари ман фикр карда, ӯро “ба наздикӣ падар мешавӣ” гуфта, табрик кард. Ин гап духтур ӯро хушҳол намуд. Ман бошам аз шунавидани ин гап нороҳат шудам. Берун баромада, хеле гиристам. Бисёр мехостам, ки дод занам. Гашта ба назди духтур даромадам ва бо ӯ маслиҳат кардем, ки рӯзи дагар рафта, тифлаки батнамро тоза мекунам. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Вақте Мусъаб исқоти ҳамламро фаҳмид, сахт қаҳраш кард. Акнун ӯ тез - тез ба ман занг зада, маблағ мепурсид. “Медиҳӣ ё суратҳои дар оғӯши ман урёнатро ба интернет мегузораму нодухтар буданатро ба ҳама мегӯям”. Дигар илоҷ надоштам. Маблағи хостаашро ёфта, ба ӯ медодам. Бадии дигар дар он ки варақаи ташхиси духтур дар дасташ буд.
Дар баробари маблағ баъзан маро ба ҳамхобагӣ даъват мекард. Зорӣ мекардаму “не” мегуфтам, вале боз ҳам ҳамон таҳдид. “Расмҳоятро дар интернет мегузорам” мегуфту ҳақоратам мекард. Маҷбур розӣ мешудам. Шаби дароз даруни пахтазор медонисту ману ӯ. Гоҳҳо маро ба хонаашон мебурд. Ҳамин тавр, ман барои Мусъаби лаънатӣ бозичаи тайёр будаму як манбаи даромади муфт.
Ӯ аз ман маблағ мепурсиду мани соддаи фиребхӯрда медодамаш. Чанд бор пул наёфтам ва маҷбур гӯшвору чалаи тиллоиямро фурӯхта пулашро ба ин ҳарроми духтарбоз медодам. Вақте модарам чанд бор “Гӯшворат канӣ? Ангуштаринатро куҷо кардӣ?” гуфта пурсид, сарамро хам карда, “гум кардаам” гуфтам.
Дидам, ки рӯз то рӯз ҳолам бадтар мешавад аз кор рафтам. Ба ноҳия омада, дар яке аз марказҳои касбомӯзӣ дӯзандагиро омӯхтам. Ба деҳа рафтан нахостаму дар марказ дар хонаи холаам мондам. Он ҷо дар яке аз фирмаҳои дӯзандагӣ ба кор даромадам.
Фикр кардам, ки акнун аз ӯ халос шудам, вале ин фикрам хато баромад. Баъди ду ҳафта ин аблаҳ ба ҷойи кори навам омад. Корро тамом карда, ба берун баромадам, ки дар бехи дарахти рӯи ҳавлии корхона ӯро дидам. Пешам омаду бо ғазаб гуфт: “Аз ман гурехта, ҷойи коратро иваз намудӣ. Фикр кардӣ, ки аз ман халос шудӣ акнун? Ин фикрат хом аст, фоҳиша. То замоне, ки ман зиндам, ту аз дастам халос шуда наметавонӣ. Ба шавҳар барову рӯзатро бин” ва як шаппотии обдоре ба рӯям заду рафт.
Баъди 3 рӯз боз омаду пул пурсид. Маблағ надоштам. Аз як ҳамкорам бо зора як миқдор пул гирифта, ба ӯ додам ва рафт. Минбаъд тез – тез омада меистоду пул гирифта мерафт. Баъзан омада, маро ба ҳар хел хона мебурд ва то субҳ бадтарин зулмро дар ҳаққам раво медид. Баъд аз ин рӯзам сиёҳтар мешуд. Чанд бор хостам, ки худро ба қатл расонаму аз ин нокас халос шавам, аммо аз ғазаби Худованд ва азоби дӯзах сахт метарсидам.
Хонаводаи онҳо муносибати моро медонистанд. Ба гуфти дугонаам, ки ҳамсояашон буд, чанд бор аз Мусъаб хостаанд моро тӯй кунанд, лекин ин лаънатӣ ба онҳо гуфтааст, ки “ӯ духтар нест ва ман ӯро намегирам”. Ҳамин тавр, Мусъаб бо духтари дигаре аз деҳаи ҳамсоя издивоҷ кардааст. Хеле хурсанд шудам, ки оқибат аз ин бадзод халос шудам, чунки дигар ба назди корхонаам намеомад. Вале пас аз се моҳи зиндагӣ аз занаш ҷудо шудааст.
Як саҳарӣ нав ба корхона расидам, ки телефонам занг зад. Бинам рақами ношинос аст. Азбаски дӯзандаам, ягон муштарӣ гуфта, бардоштам. Аммо ҳамин лаънатӣ будааст. Ин дафъа пули калон талаб кард. “Надорам” гуфтам, аммо гуфт, ки лаҳзаҳои хобухезамонро сабт кардаасту агар маблағро барояш наёбам, наворашро ба интернет мегузорад. Маҷбуран ҳамаи тилловориҳои худро фурӯхта, пулашро ба Мусъаб додам, то ки он воқеаи ба сарам омадаро фош насозад. Ҳатто ҳар моҳа нисфи маошамро ба Мусъаб медодам. Дар ин миён хостгорҳо пай дар пай ба хонаамон меомаданд. Ҳамеша хоҳиши онҳоро рад мекардаму “ҳоло шаваҳар намекунам” мегуфтам. Падару модарам мепурсиданд, ки “чаро шавҳар намекунӣ? “Пир, ки шудӣ, баъд ба ягон муйсафеди занмурда мерасӣ ё зани дуюм мешавӣ”. Аммо намехостам, ки волидонам аз нодухтар буданам огоҳ шаванд
Хоҳарам мактабро хатмкарду як моҳ баъдаш ба шавҳар баромад. Мани ҷавони фиребхӯрда бошам, то ҳанӯзам ба хосгорҳоям ҷавоби рад медодам. Аз дасти Мусъаби лаънатӣ рӯз надоштам. Ӯ минбаъд занг зада, маблағи калон мепурсиду вақт медод ва бояд дар ҳамон фурсати додааш пулро ба ҷойи гуфтааш бурда медодам. 

Рӯзи шанбе нисфирӯзӣ аз кор баромадаму ба деҳаамон омадам. Дар нақлиёти тарафи деҳа ба як духтар вохӯрдам. Худро Ситора гуфта, муаррифӣ кард. Зиқ буду беовоз мегирист. Аз сабаби он ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, сабабашро пурсидам. ”Апаҷон, хонаам сӯхт. Ба доми фиреби як ҷавони деҳаи ҳамсояамон афтидам. Бо фиреб духтариамро гирифт. Акнун таҳдид мекунад, ки агар ба ӯ пул надиҳам, шармандаам мекунад. Ба ӯ маблағ бурда будам. Аз ҷонам безор шудаам” гуфту гиря кард. Ситораро маҷбур кардам, то саргузашташро бароям нақл кунад.

Давом дорад ...
P. S: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 22:00 аз сомонаи мо мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД