formula
Мотам дар хонаводаи Салмон Хон
2964

Абдулло Хон, ҷияни дӯстдоштаи ҳунарманди маъруфи Болливуд Салмон Хон аз сактаи қалб даргузаштааст.

Ҳунарманд расми ҷиянашро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр карда, навиштааст, ки ӯро ҳамеша дӯст хоҳад дошт. Бояд бигӯем, ки Абдулло ба синамо алоқамандӣ надошт ва ба варзиш машғул буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи аз «коронавирус» фавтидани Абдулло паҳн шудаанд, вале табибон мегӯянд, ки ӯ аз бемории дил, ки қаблан ҳам азият мекашид, ҷон додааст.

Абдулло Хонро баъди бад шудани саломатияш ба бемористони «Dhirubhai Kokilaben Ambani Hospital» мебаранд, вале ҳолаш бадтар мешаваду беҳтар не. Салмон Хон бо умеди шифо ёфтан, ӯро ба беморхонаи «Lilavati Hospital» интиқол дод, аммо табибони ин бемористон низ коре карда натавонистанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД