Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даргузашт. Ба иттилои сомонаи “президен.тҷ” (president.tj), хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи иди Қурбон, яъне 20 июли соли ҷорӣ вафот кардааст.
Қурбонбӣ Раҳмонова 64 сол дошта, сабабҳои марги марҳум гуфта нашудааст.
Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова дар робита бо марги Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори тасаллият кард.
Ин дуюмин фоҷиаест, ки дар як моҳ дар ин оила рух медиҳад. Аввали моҳи ҷорӣ хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Узбакбӣ Асадуллоева низ дарки дунё карда буд.