arzon replenishment
Москав: Боз як тоҷик аз коронавирус даргузашт
3605

Як рӯз қабл Шаҳло Наҷмиддин дар саҳифаи шахсии худ дар фейсбек хабари аз Коронавирус фавтидани як ҷавони тоҷикро нашр намуд, ки миёни истифодабарандагони ин шабака баҳсҳои зиёдро ба бор овард. 

Мавсуф навиштааст, ки як рӯз қабл соати 17:14 зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Раҷабов Зафарҷон дар шаҳри Москва аз бемории COVID-19 даргузаштааст.

 



Қайд кардан ба маврид аст, ки  рӯзҳои охир дар шабакаи Фейсбук видеое давр мезанад, ки дар он чанд тан ҷавони тоҷик мазори тоҷиконро дар Русия ба навор гирифтаанд. Қисми зиёди тоҷикон дар он қабристон моҳҳои март ва апрели соли равон ба хок супурда шудаанд.
Бо хуруҷ шудани коронавирус дар Русия, сафари ҳавоию заминӣ муваққатан қатъ гардид. Чанд нафар аз муҳоҷирон ҳарчанд чипта доштанд, вале натавонистанд ба ватан баргарданд.
Ин вабои рӯз ҷони чандин тоҷики дур аз ватанро гирифт. 

P:S
Аз тамоми муҳоҷироне, ки дар шаҳрҳои Русия кору зиндагӣмекунанд хоҳиш карда мешавад, ки худро аз ин дарди ҷонгудоз эҳтиёт намоянд ва дар дили дӯстону наздиконашон мотами абадӣ нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД