Ман вақте ки дар истгоҳ мусофирро савор карда, акнун мошинро ронданӣ будам, як мошини дигар аз пеш ба самти қафо ҳай карда, омада, ба мошини ман зад. Ҳоло ӯ даъво карда истодааст, ки ҷабрдида на ман, балки ӯ ҳастам ва бояд маблағи таъмири мошинашро пардохт намоям. Корманди БДА ҳам тарафи ӯро гирифт. Чӣ тавр исбот кунам, ки ман гунаҳкор нестам?
И. С.
Посух:
- Агар навори камера ва дигар сабтҳо бошанд, метавонед ҳолати корро бо онҳо ҳамчун далел пешниҳод намоед. Дар сурати набудани навор шумо метавонед барои дуруст муайян кардани ҳолати кор воситаи нақлиётро аз ташхис гузаронед.