Arzon march 2024
Мори сафед Қисми 1
12.12.2022
ОИЛА
2802

 

Сайрам бо латтаи тар синаи говро тоза карду сатилро пеш кашида, ба дӯшидани шир оғоз намуд ва дар гӯш садои якмароми ба сатил рехтани шир ба андеша рафт.

Соҳиби манзил аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, нахуст ҳамин говро харид. Барои тифлакон, то ки ҳар пагоҳӣ шири тоза биошоманд, баъд ба нақша гирифт, ки гирди ҳавлӣ девор мебардорад ва дарвозаи оҳанин мешинонад. Бо ин мақсад чанд мошин қуму санг оварда, пушти хона рехт. Пас аз анҷоми ин амалҳо мақсад гузошт, ки хатнасури бачаҳоро бодабдаба гузаронад, аммо ба беморхона афтид. Касалиаш тааҷҷубовар. Номаш дар хотири кас намемонад. Талаффузаш душвор. Гузаранда. Аз ҳамин сабаб аз рӯзи якуми аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанаш косаю табақ ва аз ҳама асосӣ ҷойхобашро ҷудо кард. Мани нодон гумон кардам, ки мардакам хастаю монда шудааст, бигзор каме дам гирад. Бечора барои мо дар мусофирату ғарибӣ, Худо медонад, ки чӣ рӯзҳои вазнинеро паси сар кардааст. Табибон зуд омада, ба ҳама кунҷу бари хона дору пошиданд. Ману кӯдаконамро аз санҷиш гузарониданд.

-Хайрият, нагузашта будааст, - гуфт табиб, зани меҳрубони миёнасол ва оҳи сабук кашид.

Пас аз як ҳафта ҷасадашро оварданд ва тез гӯрониданд. Акнун ман мондаму ду тифлу ҳамин гови зард.

Вақте сатил аз шир пур шуд, зан даҳони онро бо докаи сафед басту нардбонро ба дарахт рост кард. Бо зинапояҳо боло баромада, онро дар шохи тут овехт. Шир дар ҳавои салқин вайрон намешавад. Баъд нардбонро бурда, дар ҷояш гузошту ба хона даромада, дар бари Шарофу Шараф дароз кашид ва дере нагузашта ғанабаш бурд.

Субҳ бо хониши мурғакон бедор шуд. Аз ҷойхоб хеста, ба оғил даромад. Зардакшоро (ба хотири шавҳари марҳумаш говашро ҳамин тавр меномид) ба саҳро ронд.

-Рав, Зардакшо! Ба чарогоҳ рав ва бегоҳӣ бо синаи пури шир баргард.

Вақте ки ба хотири пухтани шир сатилро аз шохи дарахт гирифт, ҳайрон монд. Шири сатил кам шуда буд.

-Эҳтимол бухор шудагист,-аз дил гузаронд зан, ҳарчанд медонист, ки шир аслан бухор намешавад.

Рӯзи дуюм ҳам ҳамин аҳвол рӯй дод. Ба ҳар ҳол рӯзи сеюм бо чӯбчае ченак кард ва субҳи навбатӣ пура боварӣ ҳосил намуд, ки касе ширашро медуздад. Гумонаш ин кори бобои Шамс бошад. Чоли бедандон чанд бегоҳӣ болои теппача нишаста, маҳз ба дарахти туту сатил дида медӯхт. Вале гумонашро ботил шумурд.

- Охир, мадори ин мӯйсафеди барҷомонда ба нардбон намерасад - ку. Не! Беҳуда ман аз ӯ гумонбар шудам. Каси дигар ба ин аъмоли зишт даст задагист,-аз дил гузаронд зан ва қатъӣ қарор дод, ки имшаб поида, дуздро дошта, шармандаю рӯсиёҳ мекунад.

Шом дарро ба қадре нимроғ монд, ки сатил ба назараш менамуд. Барои эҳтиёт дар бараш калтаке гузошт. Шаб аз нисф гузашт. Моҳи мунир ба атроф нур мепошид. Дар ин гуна равшанӣ ҳатто китоб хондан мумкин буд. Барои он ки хоб ғалаба накунад, дар наздаш косаи обро гузошт ва чанд бор кафашро пур карда, ба рӯяш пошид. Атроф хомӯш буд, аз дур сурудхонии чир-чиракҳо ба гӯш мерасид.

Ногоҳ аз таги дарахти тут чашмаш ба мори дарози сафед афтид, ки ба танаи дарахт часпид. Мор бо шитоб ба боло хазида, лаҳзае пас худро ба сатил расонд ва сар аз таги дока дароварда, ба нӯшидани шир пардохт.

Сайрам аз тарс дар ҷояш шах шуд. Ҳама он ғайрату ҷасораташ ба якборагӣ ғайб зад, чӣ кор карданашро намедонист. Дар охир қарор дод, ки ақаллан хазандаро тарсонад, чунки худи ӯ танҳо ин мори дарози бадҳайбатро кушта наметавонад. Ба ҳамин андеша калтакро гирифта, ба тарафи дарахт давид.

-Ин туи бадзот, чанд шаб аст, ки насибаи кӯдакони маро медуздӣ. Канӣ, поён фаро! Бо ҳамин калтак зада, калаатро пачақ мекунам.

Мор сар аз сатил баровард.

-Ҳе, илоҳим, туъмаи ҷайраву уқоб шавӣ.

Мор наҷумбида, дастафшонии занро наззора дошт.

-Ҳа, тарсидӣ? Дигар куҷо ҳам мегурезӣ. Гурусна, ки мондӣ, маҷбур мешавӣ, ба поён хазида фароӣ. Он гоҳ ба дастам меафтӣ.        

Сайрам ба назди кӯдаконаш баргашт. Чашм аз мор наканда, қарор дод, ки субҳро интизор шавад. Он гоҳ мардумро ба ёрӣ ҷеғ зада, қасдашро аз мор ҳатман мегирад. Вақт кашол меёфт. Насими форам ва ё хасташавиаш таъсир расонд, ки хоб бар зан ғалаба кард ва ӯ модарашро дар хоб дид.

-Духтарам, ба мори сафед зиён нарасон! Ҷонвар ҳеҷ гоҳ таҳқирро намебахшад.

Сайрам ҳаросон ба боло нигарист. Мор ҳанӯз байни баргҳо пинҳон буд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД