Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мораторийро барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 тамдид кард.
Тибқи фармони президент, мораторий ба ҳама намуди санҷишҳо дахл дошта, санҷишҳои андозро истисно мекунад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, ҳадафи ин иқдом аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ, беҳтар кардани шароити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти иқтидори саноатӣ ва содиротии кишвар мебошад.
Аз соли 2008 то соли 2026 дар Тоҷикистон панҷ маротиба мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ эълон шудааст.