Sebiston new 2024 october
Морарӯс
14.11.2021
ДИЛОШӮБ
4128

 

Ин номаро ба унвонии ҳафтавори «Оила» аз Русия ҳамчун муроҷиатномае ба духтарони тоҷик менависам. Духтарони азиз, ман хуб медонам дар дунё одами бегуноҳ нест, мешавад бо айби нохалафе, номарде ё аз соддагиву пушти ҳавову ҳавас давиданҳоятон домони исмати шумо доѓдор мешавад. Аммо ҳаргиз ҷавони бечораеро, ки бо ҳазор орзуву умед шуморо пазируфта, келин карда ба хонаашон мебарад, нафиребед! Ин рӯз ба сари ман омад ва ман мехоҳам қиссаи келин кардану ба Русия бурданамро ин ҷо нависам, қазоватро ба шумо ҳавола мекунам…

                             Дар мулки бегона

Ману ҳамсарам дар Донишгоҳи тиббӣ ҳамсабақ будем ва бо дӯстдориву ризоияти волидайн хонадор шудем. Мо дар зодгоҳи ҳамсарам яке аз ноҳияҳои сарҳадии кишвар зиндагӣ ва кор мекардем. Худованд ба мо се писари нозанин ато кард, аёми ҷангҳои шаҳрвандӣ мо азми сафар кардем ба Русия ва муқими ин кишвари бузург шудем. Ду писарамро дар фазои ҳамдигарфаҳмию мусулмонию тоҷикият ба воя расонидем. Онҳо дар баробари илмҳои дунявӣ илми илоҳиро низ аз бар карданду забони модарияшонро азиз медоранд. Кӯшиш мекардам, ки дар мулки бегона қадамамонро дониста монем, фарзандонамонро аз фарҳангу маънавиёти миллаташон канда накунем. Чун дар Душанбе хонаву дар доштем, ҳар сол ба Ватан омада, хумор мешикастем. Шукри Худованди бузург, ки ду шоҳписари нозанинам хеле хуб ба воя расидаанду аз гапи ману падарашон як қадам берун нестанд. Дар интихоби касб ба онҳо озодӣ додем ва ҳар ду касби ману падарашонро интихоб намуданд. Ман ҳамеша ба писаронам хотиррасон мекардам, ки интихоби келин ба уҳдаи ман аст ва келини ман бояд духтари тоҷик бошад. Набераҳоям бо забони тоҷикӣ ҳарф зананд, дар фазои хонаам фарҳанги тоҷикӣ ҳукмрон бошад. Онҳо ба ин розӣ шуданд…

                               Келин не, духтар

Писари калониям донишгоҳро хатм намуду ман ба Тоҷикистон омада, духтараки нозанинеро хуш кардам, ки аз оилаи зиёиёни бофарҳанг буданд. Пас писарам омаду келиншавандаро дида, ҳамроҳаш сӯҳбат ороста, интихоби маро пазируфт, баъди як моҳ тӯй карда, келинамро ҳамроҳам ба Русия бурдам. Хонаи мо дар яке аз ноҳияҳои атрофи Маскав аст, мо хонаи панҷҳуҷрагии зебое дорем, вале бо шавҳарам маслиҳат карда, барои писари калонӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматиямон хонаи сеҳуҷрагиеро харидорӣ кардем. Келин ду сол ҳамроҳи мо зиндагӣ кард ва соҳиби як фарзанд шуда, ба хонаи худаш кӯчид. Аммо дар хонаи худашон танҳо хоб мекарданд, дигар рӯзашон бо мо мегузашт. Келинам духтараки чақону пурҳунаре аст ва ман ӯро баробари ду писарам дӯст медорам, барои тавлиди духтаракаш бошад, аз ӯ аз замин то осмон миннатдорам. Зеро ман худам ду писар доштаму ҳамеша духтар мехостам. Писарам ҳам аз занаш розӣ буду ӯро дӯст медошт, келинам маълумоти олӣ надошт ва ману шавҳарам маслиҳат карда, ӯро ба коллеҷи тиббӣ дохил кардем. Келин ҳам дарс мехонду ҳам аз ӯҳдаи тарбияи фарзанду хизмати мо мебаромад, ман ҳам вақтҳои бекорӣ ба вай ёрӣ мерасондам ва Худоро шукр мекардам, ки чунин келини хубро бароям насиб дидааст.

                                 Маззахӯрак

Чун аз келини калонӣ некиҳои зиёд дида, ба қавле маззахӯрак шуда будам, чун навбати зангирии писари дуюмам расид, ба Тоҷикистон парвоз кардам. Хоҳари калониям, ки тоҷир аст, гуфт, ки як шиносаш ҷияни хубе дорад ва мо ба дидани ӯ рафтем. Духтарак он қадар зебо набошад ҳам, хушсухану чусту чолок менамуд, сураташро ба писарам равон кардаму баъд онҳо бо телефон гуфтугӯ карда, якдигарро маъқул намуданд. Модари ин духтарак аз падараш ҷудо шуда, шавҳар кардаасту шавҳараш баъди чанде дар садамаи автомобилӣ ҳалок шудааст, ӯро амакаш ба воя расонида будааст.Чун давраи пандемия буд, ману ҳашт нафар хешу табораш ин ҷо маърака ороста, арӯсро гирифта рафтем, он ҷо дар тарабхонае тӯйи бошукӯҳе оростему чанд рӯзи дигар хешу таборони арӯсро меҳмондорӣ карда, гусел намудем. Баъди бо арӯс танҳо мондан, табъи писарам хира буд, вале ба ман чизе нагуфту арӯсашро гирифта, ба маркази Маскав, ки он ҷо кору зиндагӣ мекард, рафт. Баъди як ҳафта писарам маро ба наздашон даъват намуда гуфт:

-Очаҷон, ман бо ин зиндагӣ намекунам, билет гирифта, равонаш кун.

Ман писарамро чанд шаппотӣ зада гуфтам, ки ту аблаҳ, ин бечораи саѓираро барои чӣ дар нимароҳ мемонӣ. Маъқулат набуд, чаро маро ин қадар саргардон кардӣ?! Писарам ором гуфт:

-Оча, ман ба шумо ҳеҷ чиз намегӯям, бигузор худи ӯ айбашро гӯяд….

                           Балодухтар

Ман зор-зор мегиристам, вале арӯс бепарво рӯйи нармкурсӣ нишаста, писта мехӯрду ин манзараро тамошо мекард. Худ ба худ гуфтам, ки бечора дар ҳолати шок аст, чӣ бало… Аммо як вақт ӯ пучоқҳои пистаро бурда, дар сатили партов партофта, омада маро ба оѓӯш гирифта гуфт:

-Очаҷон, гиря накунед, осмон омада, ба замин начаспидааст ку?! Ман рафта бо шумо зиндагӣ мекунам.

Арӯсро гирифта, ба хонаи худам овардам, ӯ як моҳ бо ман буд. Шавҳарам бо ман моҷаро мекард, ки чаро писарат ин хел кард, як шаб худам хонаро хилват карда, аз арӯс дарди дилашро пурсидам. Ӯ бо ҳамон бепарвоии ба худаш хос ҷавоб дод, “очаҷон, писаратон худаш аз уҳдаи зандорӣ намебарояд, шон боз дар Маскав зиндагӣ мекунанд! Маро тӯҳмат мезанад, ки ту нодухтар будиву худатро «духтар» карда наздам омадӣ…”

Аввал ин ки писари ман Донишгоҳи тиббиро бо дипломи сурх ба итмом расонидааст, баъд вай ҷавони замонавӣ ва хеле зебо аст, наход бо зан муносибат карда натавонад?! Баъд аз бепарда гап задани ӯ фаҳмидам, ки ин балодухтар бебало нест ва рафтам назди писарам. Ӯро маҷбур намудам, то шубҳаву гумонашро бигӯяд. Ба писарам гуфтам, ки ин хел гумон доштӣ, чаро шаби аввал нагуфтӣ, ӯ бо табассуми талх гуфт:

-Оча, ман ба ӯ гуфтам, ки ман сирри туро намебарорам, вале ту росташро гӯй, ту саѓираӣ ва ман аз Худо метарсам, туро ноумед намекунам. Аммо ӯ ақаллан узр напурсид, ки ман ту ва аҳли хонадони шуморо фиреб кардам, баъд хеле таҷрибадор ва ҳушёр буд.

Келин як моҳ дар хонаи мо буд ва парво надошт, ки дар дунё чӣ гап аст. Чун гуфтам, ки билет гирифта, Тоҷикистон равонат мекунем, гуфт:

-Ман назди холаам меравам, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Мо ҳамроҳ ба ҷойи муайяннамудаи холааш (худаш бо холааш телефонӣ гап мезад) рафтем ва ӯро як ҷавонмарди тануманд пешвоз гирифта бурд. Баъди чанде занг зада гуфт:

-Очаҷон, ҳамон кӯрпачаҳои маро фиристед, ин квартира кӯрпача надоштааст.

Ман ҳам не нагуфта, чанд куртаи боқимондаашро бо кӯрпачаҳояш то ҷойи гуфтагияш бурдам ва ба дасти ҳамон ҷавонмард супоридам….

Ба писарам гуфтам, ки худат ин дафъа арӯс ёб, чӣ миллате бошад, қабулаш мекунам. Дилам ба пулу моли сарф кардаам низ намесӯзад, вале дилам аз одамон мондааст….

                                                                                 Марям

                                                                          Таснифи Дилошӯб                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД