Sebiston new 2024 october
МОМАИ НИГОР: ҚАЛИНГАМ ЯК ГӮСОЛАИ ЧУЛОҚ БУД
2748


Момаи Нигорро бо чанд ҳунараш дар деҳа мешиносанд. Тавре занҳои миёнаумри ҳамсоя нақл карданд, пиразан дар замони худ яке аз занҳои ҳунарманд ва хизматгори ҳама тӯю маъракаҳо буд.

Кулчаву нон, ошу дигар ғизоҳои тӯёнаро пухта, барои ороиши хонаи арӯсон нақшу нигор медухт. Дар баробари ин, корҳои саҳрову хоҷагиро сари вақт анҷом медод. Имрӯз ин пири барнодил яке аз куҳансолтарин сокинони деҳаи Тиллои сафеди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёбад. МомаиНигор дар тӯли умри қариб якасрааш пастиву баландиҳои зиёдеро аз сар гузаронида, худро модар ва бибии хушбахт меҳисобад. Кампир соҳиби 6 фарзанд ва зиёда аз 40 набераю абера мебошад. Одамони дарозумрро дар баъзе минтақаҳои кишварамон шахси табарук меноманд, аз хамин хотир мо ба аёдати ин зани табаррук рафтем.

-Момоҷон, шумо дар ду аср зиндагӣ кардаед. Фарқи байни даврони ҷавонии шумо ва замони ҳозираро дар чӣ мебинед?

- Дар замони мо ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳаббат нисбати ҳамсоя, ҳамдеҳа, хешу табор хеле зиёд буд. Ҳоло дигар он меҳр нест, ҳатто меҳри фарзанди падарӣ аз байн рафтааст...

-Аз нигоҳи шумо сабаби бемеҳрии одамон дар чист?
-Мардум пулпараст ва серталаб шудаанд, хусусан занҳо сару либоси зиёд ва зару зевар мехоҳанд. Аксари падару модарон барои ба шавҳар додани духтарашон аз писардор пулу мол ва чизу чораи зиёд талаб мекунанд. Фикр намекунанд, ки ин бечора қарзу қавола карда, чизҳои фармудаи моро биёрад, баъди тӯй духтарамон дар хонаи шавҳараш чӣ мехӯрад...

-Дар вақташ домод барои шумо чӣ қадар қалинг дода буд?

-Эй қалинги маро напурс духтарам! (Механдад) Як гӯсолаи чулоқ, камтар қанди қурс, як рӯмоли заргаронӣ, як поҷомаи бекасаб, як кафш, авлону сатин, як либосӣ сон ва як шол пахта оварданду маро гирифта бурданд.

-“Ёр-ёр”-гӯён, шуморо пойи пиёда ба хонаи домд бурданд ё ҳамон солҳо ҳам мошин буд?

-Не, он солҳо асп мошини арӯсӣ буд. Дар гӯшҳои асп рӯймолча баста, ҷонварро оро доданд ва маро ба он савор карда, ба хонаи бахтам гусел намуданд.
-Дар чандсолагӣ ба шавҳар баромадед?
-Синфи ҳафт мехондам. Шавҳарам 30- сола буд.
-Шумо 14- сола будеду шавҳаратон 30- сола. Чун фарқияти синну сол хеле зиёд аст, бештар ба кадом мушкилиҳо дучор мешудед?

-Бе таъриф мегӯям, ки мӯйсафедам бисёр инсони хуб ва меҳрубон буданд. Шавҳарам дар 12-солагӣ ятими кул монда буд. Шояд аз ҳамин хотир хеле ҳалиму меҳрубон буд. Марди калонсол дар ҳаёт таҷриба дорад, ба баъзе камбудиҳое, ки аз зан мегузарад, чашм мепӯшад.

-Аз чӣ шикоят дореду аз чӣ шукргузоред?
-Аз дарди пойҳо ва чашм шикоят дорам. Фикр мекунам, ки дардҳоям оқибати заҳматҳои дар заминҳои хоҷагӣ кашидаам аст. Дар замини лой ҳам даромада алаф мекандам, барои заминамро об додан шабу нимашаб навбат мепоидам. Ё шояд нишонаи пирӣ аст. Шукргузор аз серию пурӣ, тинҷию амонии кишвар ҳастам. Худованд Сарвари давлатамонро нигаҳбон бошаду гарде ба рӯяш нашинад, омин!!!
-Омин!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД