Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон шаби 1 ба 2-юми июл оташ гирифтааст. Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.
Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун калон буда, шаби 1 ба 2-юми июл дар бозори мазкур оташсӯзӣ ба вуқуъ пайвастааст. Сабаби сар задани сӯхтор ҳанӯз маълум нест, вале тавре шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, масоҳати оташгирифтаи бозор калон буда, масъулин дар ҷойи ҳодиса зарари сӯхторро аниқ карда истодаанд.
Чанд нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри наворҳои оташсӯзӣ аз сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд. Бархе аз шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки дар сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун осебдидагон ҳам ҳастанд. Дар ин бора Pressa.tj хабар додааст.