Дар интихоби моли қурбонӣ дармондаам, чунки аз ҳар касе пурсидам, ба таври худ шарҳ дод. Вале ман мехоҳам донам, ки аз нигоҳи ислом барои қурбонӣ молро чӣ тавр интихоб мекунанд?
ИСКАНДАР, ноҳияи Шаҳринав
Посухи Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳури Тоҷикистон:
- Моли қурбонӣ моли махсус аст ва онро бояд хеле бодиққат интихоб намуд. Барои қурбонӣ кардан шутур, гов, гӯсфанд ва бузро интихоб кардан лозим аст. Шутур бошад, метавонанд ҳафт нафар якҷоя шуда, онро қурбонӣ кунанд. Як говро низ то 7 нафар якҷоя қурбонӣ карда метавонанд, вале як буз ё гӯсфандро 2-3 нафар дар якҷоягӣ қурбонӣ карда наметавонанд. Гӯсфанд ва бузи қурбонӣ бояд яксола бошад. Гӯсфанд аз яксола хурд бошад, вале ба назар мисли яксола тобад, мешавад.
Яке аз шартҳои муҳими қурбонӣ он аст, ки моли интихобшуда бояд аз айбҳо пок бошад, яъне бисёр лоғар набошад, ланг набошад, кӯр набошад. Хулоса, моли солим бошад.
Моли қурбонӣ баъд аз адои намози иди Қурбон бояд забҳ карда шавад, пеш аз намози ид не. Маъмулан қисме аз гӯшти қурбониро таом мепазанд, қисми дигарро ба ятимону дармондагон ва дигар шахсони ниёзманд тақсим мекунанд ва як қисматашро барои худ нигоҳ медоранд.