Formula novemver 2024
Моҳи Раҷаб чи фазилатҳо дорад?
1542

Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои муқаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд.

Ин моҳест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моҳест, ки шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рӯза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад.
Аз давраҳои пеш аз Ислом бо фаро расидани моҳи Раҷаб душманон бо ҳам мусолиҳа мекарданд, қатлу куштор, бадиву бадбинӣ як сӯ гузошта мешуд. Тамоми қабилаҳои араб ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекарданд.
Ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) гуфтаанд, «Раҷабу шаҳруллоҳ ва Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳру умматӣ» – Раҷаб моҳи Худост ва Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи умматонам аст.
Ин моҳест, ки умматони Паёмбар (с) бояд нафси худро риёзат кунанд, дар адои суннатҳо пешдастӣ намоянд, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунанд, аз пиронсолон хабар гиранд ва сари ятимонро сила намоянд. Раҷаб моҳест, ки ҳар шахс бояд ба моҳи Рамазон омода шавад, боре андеша намояд, аз гуноҳон омурзиш бихоҳад ва дар ҳаққи бародаронаш дуои нек кунад.
Дар моҳи Раҷаб дили муъминеро озурдан, ғайбату бадгӯиву суханчинӣ кардан, тафриқа андохтан, ба мардум азият расонидан, фаҳшу тамасхуру дурӯягӣ кардан, туҳмату буҳтон ва пайравӣ аз ҳавову ҳавс ҳаром аст, балки мо бояд дар ин моҳ сари ятимеро сила кунем, аз ҳоли бечорагон бохабар бошем, бо хешовандон робитаҳоро мустаҳкамтар намоем ва дар тамоми корҳои хайр пешдаст бошем.
Дар ин моҳ шабе бо номи шаби Меъроҷ маъруф аст. Меъроҷ болоравӣ аст, аз тамоми ҳисҳои башарӣ тоза шудан ва ба мартабаи воло расидан аст. Сафари муқаддаси Расулуллоҳ (с) мебошад.
Ҳомидов Абдулвоҳид
мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД