Модели тоҷик Сабрина Зуҳурова дар озмуни байналмилалии зебоӣ Miss CosmoWorld Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Miss CosmoWorld яке аз озмунҳои бонуфузи зебоӣ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор рафта, дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор мегардад. Кишвари моро дар ин озмуни бонуфузи зебоӣ Сабрина Зуҳурова намояндагӣ мекунад.
Озмуни Miss CosmoWorld санаи 9-ноябр оғоз ёфта, дар он зебосанамҳо аз 32 кишвари олам ширкат доранд. Сабрина ягона духтари тоҷик аст, ки дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ иштирок дорад. Озмуни мазкур то 26 ноябр идома хоҳад кард.
Сабрина дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки мардуми тоҷик ӯро гарму ҷӯшон дастгирӣ карда истодаанд. Зебосанам аз тарроҳоне, ки Сабрина бо ороишот ва либосҳои шинаму зебои дӯхтаи онҳо ба саҳнаи мӯд мебарояд, миннатдорӣ намудааст.
«Барои ман ширкат варзидан дар чунин озмуни бонуфузи зебоӣ боиси ифтихор аст. Боварӣ дорам, ки мо метавонем ба ҷаҳониён қудрат ва ғурури зани тоҷикро нишон диҳем” гуфтааст Сабрина.