Formula novemver 2024
МОДАРКУШ
28.09.2020
Дилошӯб
4785

 

Бахти ятимча

Аҷали бераҳм Сарахонро ҳангоми хеле хурд буданаш аз волидайнаш ҷудо намуд ва ӯву апаи ятимашро амакаш ба воя расонд. Зиндагӣ дар хонаи амак барои онҳо вазнин бошад ҳам тоқат мекарданд, зеро ғайри ин марди зихнаи зуқоқ ва янгаи ҷоҳили бераҳмашон хешованди наздике надоштанд. Апаашро дар чордаҳсолагияш ба марди пире ба шавҳар доданд, то аз як нонхӯри зиёдатӣ халос шаванд. Харидорони Гулҷамоли нозанин бисёр бошанд ҳам, амакаш хотири бою бадавлат буданаш Бӯрии бефарзандро интихоб намуд ва барои додарзодааш аз ӯ қалини бисёре гирифт.

Мӯйсафеди раҳмдил

Падару модари Бӯрӣ ҳамагӣ як писар доштанду ӯро аёми хеле ҷавон буданаш хонадор карданд, аммо келинашон орзуяшонро шикаста натавонист, яъне барояшон набера таваллуд накард. Пиру кампир орзуи худро ба хоки сияҳ бурданду пас аз понздаҳ соли заношӯӣ Бӯрӣ аз зани аввалаш ҷудо шуда, Гулҷамолро ба занӣ гирифт. Гулҷамоли нозанин Бӯрии пирро он қадар дӯст надорад ҳам, ба хотири меҳрубониҳояш ӯро ҳурмату эҳтиром мекард. Ба бахти ятимчаҳо Бурӣ марди ғамхору меҳрубон баромад, чун аз забони Гулҷамол азобҳои додаракашро дар хонаи амакаш шунид, дарҳол ба назди амаки мӯйсафеди занаш рафта гуфт: -Тағо, ман деҳқонам ва шабу рӯз дар сари замин, агар розӣ бошед, Сарахонро бо худ гирем, то дар набудани ман апаашро ҳамроҳӣ кунад. Мӯйсафед дарҳол розӣ шуд, аммо занаш ҳеҷ намехост хизматгорашро ҷавоб диҳад. Сарахон назди апаам меравам гӯён ба доду вой ва арбадаи янгаи золимаш нигоҳ накарда, ҳамроҳи язнааш рафт.

Ятимпарвар

Бо омадани додараки меҳнатрӯзияш дар чеҳраи Гулҷамол табассум гул карда, акнун гирди сари шавҳари хубаш парвона буд. Хурсандии зани ҷавонашро дида Бӯрӣ ба Сарахон бештар меҳрубонӣ мекард. Гулҷамол гоҳо аз шавҳараш хоҳиш мекард, ки Сарахонро низ ҳамроҳаш сари замин барад, вале мард бо дилсӯзӣ мегуфт: «Мон бачаи бечора аз хобу бозӣ сер кунад, сари замин гурехта намеравад!»

Сарахон аз меҳрубонии язнааш суистифода накарда вақташро бештар бо корҳои хона мегузаронд, ба замини наздиҳавлигию гову моли апааш нигоҳ мекард ва нигоҳи қаноатманди язнаашро дида, хурсанд мешуд.

          Хушқадам

Тобистони гарму нарм ба охир расиду тирамоҳи зарнисор омад. Пас аз ғунучини ҳосили боғоту замин мардум Бӯриро сардори бригадаи пахтакорӣ интихоб карданд, ки он вақт вазифаи баланд ҳисоб мешуд, бар замми ин Гулҷамол ҳомиладор шуд. Хурсандии марди пирро ҳаду канор набуд, ҳамаи инро натиҷаи меҳрубониҳояш ба Сарахони ятим дониста бештар сари сағераро сила мекардагӣ шуд. Барояш беҳтарин сару либоси мактабиро харида дод. Акнун писарак бо ифтихор ба мактаб мерафт ва аз либосҳои чиркину даридааш шарм намедошт. Ҳамон сол Гулҷамол ду писари дугоник таваллуд карда сари Бӯриро ба осмон расонд. Сарахон акнун серкор шуда буд ва ба апаи азизаш дар корҳои хона ёрӣ мерасонд.

Гузашти умр

Солҳо турнасон аз осмони умри инсонҳо мегузаштанду Сарахон низ қад ёзонда ба ҷавони болобаланди зебое табдил меёфт. Мактабро хатм карда бо ёрии язнааш ба омӯзишгоҳи ронандагӣ дихил шуд ва баъди ҳуҷҷат гирифтан дар колхоз ронанда шуд. Хизмати ҳарбиро низ бо сари баланд адо карда баргашт. Язнааш баъди аз хизмат баргаштани Сарахон дар совхози навбунёде барояш хона гирифта дод ва апааш Гулҷамол аз пайи келинкобӣ шуд.

             Гурдофарид

Мушкили Гулҷамолро худи худованд осон намуду ба хонаи ҳамсояаш духтартағояш меҳмон шуд. Духтараки қоматбаланди ба китфу бозу дарҳол ба Гулҷамол писанд афтод ва Бӯриро хостгорӣ фиристод. Волидони духтар таклифи онҳоро хуш пазируфтанд ва аз байн як моҳ нагузашта Бӯрӣ тӯйи бошукӯҳе карда, келинашро фаровард. Сарахон ҳамсарашро дар зери чодари арӯсӣ дида шӯхиомез ба апааш гуфт:

-Апаҷон, ин Гурдофаридро аз куҷо ёфтӣ?

Гулҷамол ба шӯхии Сарахон ба шӯхӣ ҷавоб дод:

-Ризқи сағираро Худо худаш мерасонидааст…

Қаду қомат, дасту бозу ва нерӯи паҳлавониро аз падари гӯштингираш мерос гирифта Соҷида дар ҳақиқат ба паҳлавондухтари афсонавӣ монанд буд. Чил рӯзи дар хонаи хоҳаршӯяш будан арӯсак тамоми кору бори рӯзгори ӯро аз таҳти дил ба субут мерасонд. Гулҷамолу шавҳараш пас аз баромадани чиллаи арӯсиашон навхонадоронро ба хонаи бахташон гусел намуданд.

                       Зиндагии мустақилона

Баробари ба хонаи нав қадам ниҳодан Соҷида ба бунёди боғу роғ оғоз намуд. Келинчак баробари шавҳараш ва ҳатто аз вай зиёдтар меҳнат менамуд. Атрофиён ба зиндагии ширини ин ду ҷавони навхона бо ҳавас менигаристанд. Ҳурмату эҳтироми зани Сарахонро ба апаи шавҳараш дида занҳо ба Гулҷамол ҳасад мебурданд, чунки баъзан рӯзҳои дароз Соҷида дар хонаи хоҳаршӯяш бо хизмати ӯ банд мешуд.

Нахли умед

Пас аз як соли хонадорӣ Соҷида барои шавҳараш паҳлавонписаре ба дунё овард. Ҳамон сол дар совхоз боғчаи бачагона кушода шуд, ки тифлакони занони совхозро фаро мегирифт. Аксари занон ба пахтакорӣ мерафтанду тифлаконашонро дар боғча мемонданд ва як бор-ду бор хабар гирифта мерафтанд. Соҷида дар боғчаи бачаҳо ба ҳайси доя ба кор даромада дар қатори писараки худаш бачаҳои мардумро парвариш менамуд. Занҳо аз кори Соҷида розӣ буданду ҳамеша дар назди масъулин ӯро таърифу тавсиф менамуданд. Сарахон аз ҳамсари оқилаю меҳнатдӯсташ ифтихор мекард, ин бонуи чусту чолок ба кору бори зиёдаш нигоҳ накарда, хизмати шавҳарро аз таҳти дил иҷро менамуду ҳамеша барояш дастурхони пурнозу неъмат меорост. Дили мард баъзан барои занаш месӯхт, охир Соҷида субҳи солеҳон аз хоб бархоста дер сар ба болин мемонд ва ба ин нигоҳ накарда, ҳамеша табъаш болида буд.

                           Баракати зиндагӣ

Тӯли зиндагии оилавӣ Сарахону Соҷида соҳиби даҳ фарзанд, ҳашт писару ду духтараки мисли модарашон паҳлавонсурат гаштанд. Падар бештар пайи кору бор, берун аз дар буду фарзандонро модар тарбият мекард. Писаронаш як-як ба воя расида соҳиби касбу кори дилхоҳ мегаштанд. Писари калонӣ муҳосиб, чор нафари аз ӯ хурдтар корманди савдо, панҷуму шашум муаллим буданд. Духтарон дар ҷое таҳсил накарда бошанд ҳам аз тамоми ҳунарҳои занона бархурдор буданду аз рӯи хулқу атвори хубашон дар ҳамсоягии волидон ба шавҳар баромаданд. Соҷида аз оилаҳои хоксору маданӣ келин гирифта оҳиста –оҳиста хонаи фарзандонашро ҷудо кард. Онҳо ҳама дар атрофи модару падар замин гирифта рӯзгорашонро ҷудо карданд, вале субҳ бо дуои модар ба кор мерафтанду бегоҳ аввал модарро хабар гирифта, баъд ба хонаҳои худашон медаромаданд. Келинҳо хусуру хушдомани меҳрубонашонро дӯст медоштанду ҳар бегоҳ барояшон хурдании лазизе мефиристоданд. Мардум ба ақлу фаросати фарзандони Сарахони ронанда офарин мегуфтанд.

                                 Гардиши айём

Писари кенҷагӣ Ҷовид бо волидон мезист. Мактаби миёнаро Ҷовид замоне хатм кард, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ мерафт, аз ин сабаб ба ягон мактаби олӣ надаромада, то хомӯш шудани оташи ҷанг ҳамроҳи бародаронаш ба Туркманистон ва аз он ҷо ба Русия рафт. Холаи Соҷида ба хотири писаракони раҳдураш он қадар ғусса мехӯрду ашк мерехт, ки оқибат аз ғам ба бемории фишори хун гирифтор гашт. Дили модар дар фироқи фарзандон косаи хун буд ва шояд Худованд оҳи дили Холаи Соҷида барин модаронро шунид, ки дар кишвар сулҳу осоиштагӣ тантана карду аввалин муждаи писарони раҳдур низ расид. Писарони Соҷида ба дасти шиносон барои пайвандонашон пул фиристоданд, баътар худашон низ расида омаданду ҳар яке домани касберо гирифта пайи зиндагӣ шуданд. Танҳо писарони муаллимаш додари кенҷаашонро гирифта баҳору тобистон ба мулки рус мардикорӣ мерафтанд.

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД