Formula novemver 2024
Модари ошиқам хушдоман нашуда, рашк мекунад
05.02.2022
ОИЛА
4437


Дилноза ҳастам, аз шаҳри Душанбе. Зиндагии ороме доштам, вале рӯзе аз роҳ мегузаштам, ки ҷавоне сари роҳамро дошта, коғазчаеро сӯям дароз кард.

Дасташро бо шаст зада, хостам гузашта равам, ба ғазаб омада гуфт: «Ба хубӣ рақамҳоямро гиру занг зан, набошад,ҳозир дар ҳамин роҳ шармандаат мекунам!” Ба хотири аз ин бачаи шилқин халос шудан, коғазчаро гирифта, ба роҳам рафтан гирифтам, вале занг назадам. Гумон доштам, ки бо ҳамин ҷонам халос шуд, вале ҷавон ҳеҷ домони маро сар додан намехост, мисли гурги гурусна мудом аз пасам поида мегашт.

Таҳдид менамуд, ки агар ишқашро қабул накунам, маро дар ягон ҷойи хилват дошта, шарманда мекунад. Пурсидам, ки мабодо оиладор набошӣ. Хандида гуфт: «Даҳ зан дошта бошам ҳам, туро ба занӣ мегирам!» ва баъд қасам хӯрд, ки хонадор нашудааст.

Волидони Маҳмадаз ишқи мо бохабар гашта, писарашонро зӯран ба Қазоқистон фиристода, маро ба алами ҳиҷрон ҳамнишин намуданд. Модари Маҳмад маро дар ҳама ҷо ҳамчун духтари бероҳаву беодоб бадном кардааст. Хушдоманам нашуда, аллакай ин занак маро ба писараш рашк мекунад ва чашми дидан надорад.

Мехоҳам бо воситаи «Оила» ба модари Маҳмад бигӯям: Дилноза духтари кӯчагӣ нест, вале писаратон ба гӯшаш борҳо афсонаи муҳаббатро хонда, ба дарди ишқ гирифтораш намуд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД