Ман хоб дидам, ки модарам ҳомиладор шудааст. Мехоҳам донам, ки хоби дидаам чӣ таъбир дорад? Умуман, зани ҳомиларо хоб дидан хуб аст ё бад?
Хонандаи Оила. тч
Посух
Хоби дидаи шумо фоли нек аст. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, хоб дидани модари ҳомила гувоҳи сар задани ягон ҳодисаи хурсандиовар дар он хонавода ва хушбахтии аҳли хонадон мебошад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, ба тамоми орзую ҳавасҳои дилаш мерасад. Маъмулан пас аз дидани чунин хоб дар ҳаёти шахси хобдида навигариҳои хуб сар мезананд. Ин навигарӣ метавонад ба оила ё кори шумо алоқамандӣ дошта бошад.
Натанҳо дар хобномаҳои исломӣ, балки дар дигар хобномаҳо низ омадааст, ки фарзанд, хоҳ духтар бошад,хоҳ писар, хоб бинад, ки модараш ҳомиладор шудааст, ин бисёр фоли хуб буда, нақшаҳои шахси хобдида ҷомаи амал пӯшида, ба муролду мақсад ва тамоми хостаҳояш мерасад.