Formula novemver 2024
МОДАРИ БАЧАКУШ
2970

 

Кампири Зайнурабегим пир шудааст, афтода, мӯйҳои сараш ҳама сап-сафед, рухсораҳояш халтаи ожанг, чашмонаш камнур, гӯшҳояш ношунаво, роҳравӣ ҳам барояш душвор.

«Вой, вой зонуҳоям!» мегӯяду танаи дару девор, сутунҳоро гирифта рост мешавад ва ё «дастама гир» гуфта, аз фарзандон мадад мехоҳад. Модар ба ҳамин дараҷа афтода шудаю фарзандон аз рӯзи рӯи ақл омадан аз забони ӯ як ҳарф мешунаванд: «Ман модари бачакушам, гунаҳгори азимам, намедонам дар охират чӣ ҷавоб мегуфта бошам». Духтару бачаҳояш рӯзе нест, ки напурсанд:

- Оча, Шумо рост мегӯед, ки бачатона куштед? Барои чӣ?

- Барои нон, соли гуруснагӣ буд.

-Фаҳмидем, оча, шунидаем, модарон ба ҳоле расида будаанд, ки нон ёфта натавониста, чашм пӯшидаву тифлашонро ба дарё партофтаанд. Аз зӯромад. Шумо ҳам ҳамин хел кардед?

- Не, не, ман дигар хел куштам.

- Буғӣ кардед?

- Не, не.

- Хайр чӣ тавр куштед? Заҳр додед?

-Таги гапа наковед, аламом тоза мешаванд, гуфта наметавонам. Лекин рост, ки барои нони шикамам шуда, бачама куштам. Вай тӯли шуданӣ буд, агар намекуштам, имсол ба шасту шаш медаромад. Агар зинда мемонд, соҳиби хонаю дар, кӯдаку чудак, аз ҳама муҳиммаш, саробони ману дадаш, саробони ҳамаатон мешуд. Агар ман ин корро намекардам, таги ин қадар гапу калоча намемондам.

- Чӣ гапу калоча?

- Шумо намедонед, худам ҳам забонам намегардад, ки гӯям. Хайрият, беваҳои шалдами гапкуни ҳамон солҳо мурданд, хайрият, имрӯз андаке гӯшҳоям сабук шуданд. Якеи ин гапгӯйҳо падари худатон, ҳамин ҳам мемурд, ки халос мешудам.

- Дада, оҳой дада! - бачаҳо рӯзе айни ҳамин хел гапзании модар падарашонро ҷеғ заданд.

- Чӣ гап, бачаҳом? – падар, ки дар пешайвон бо табар ҳезум майда мекард, аз дар сар даровард.

- Ҳеҷ гап не, ҳеҷ гап нашудааст, ту аз корат намон,-модар ба сари шавҳар баланд гап зад.

Ҳамин тариқ сирри бачаашро куштани модар пӯшида мемонд.

Як рӯз модар ба тӯи хонаи ҳамсоя рафта буд, бо падарашон дар ин масъала фарзандон бо ҷиддият дар гуфтугӯ шуданд.

- Дада, рост аст, ки очам бачаашона куштанд? – пурсид Назира, духтари калонӣ.

- Рост аст, ҳамин кор шуд.

- Чӣ кор?

- Ин қадаре ки дамам ба дарун мегардам, хаёл мекунед, ки ман барои бачам намесӯзам. Дарун-дарун хокистарам. Агар вай зинда мебуд, имрӯз ҷондастгирам мешуд, саробони сарам, саробони сари шумоҳо ҳам мешуд, - падар ҳам бо ҳасрат гапи модарро гуфт.–Баъд ин фоҷиаи хонаводаи мо боиси гапу гапчаҳои бисёр намешуд, надидаю надониста гап бофтанд, ки холаи Зайнурабегим як қамчин фаромӯшхотирию камҳушӣ дорад, айби худаш шудааст, ки бачааш аз даст рафтааст. Дар маъракаҳо ҳамин гапро гуфта, ё ҳар хел кинояҳо зада, оби дидаашро дар параи рӯш мекарданд, ҳарфҳои таҳдор мегуфтанд. Модаратон тоқат накарда, аламҳояш тоза шуда, аз дари хонаи маъракадор берун мешуд.

- Дада, – писари хурдӣ аз ҷавобҳои падар дилтанг шуда, ба гап даромад: - Ҳамин Шумо ҳам мисли очам гап мезанед, забон мехоед, калтаю кӯтоҳи гапа гӯед, ки очам чӣ хел акаамро кушт, гӯри вай дар куҷо?

- Вай дар гӯристон дафн нашудааст.

- Дар куҷо гӯр кардед?

- Гӯраш дар кӯҳ, очат худаш вайро кушт, худаш дар кӯҳ гӯр кард.

- Худатон сари гӯри вай меравед?

- Не.

- Очам чӣ?

- Вай ҳар рӯз мерафт, девона шуда буд, шабу ними шаб намегуфт. Як шаб ӯро қариб гургҳо хӯрда буданд. Нарав мегуфтем, гапамонро намегирифт, ба вай гап фаҳмонда наметавонистем. Бар падарҳои домулло Валӣ ҷувол-ҷувол раҳмат, ки ҳамин одам вайро аз роҳ гардонда тавонист. Аз гӯру қиёмат гап зада фаҳмондааст, ки ба сари мазори фарзанд рафтани модарро шариат манъ карда будааст, фарзанд нороҳат мешудааст, пеши модар хестан мехостааст, хиҷолат мекашидааст. Аз ҳамон рӯз модаратон дигар сари гӯри бачааш нарафт.

- Нав фаҳмидем, дада, як сира.

- Чӣ сирро?

-Очам ҳар саҳар бо парешон шудани нурҳои офтоб, назараш ба сари кӯҳ мешавад, дар чашмонаш қатраҳои ашк чарх мезананд.

-Рост мегӯед, ҳамин хел мекунад. Акнун, бачаҳом, гӯш кунед, аз сабаби марги акаҷонатон чӣ мегӯям,-падар дар ҷояш болои кӯрпача чорзону зада бароҳат нишаст, баъд сар кард:

- Сол соли қаҳтию гуруснагӣ буд. Барои нон чи ҷонканиҳое набуд, аҳли деҳа ҳама гурусна, ҳама худро нодор мегирифтанд. Дорою нодор ҳама қасам рӯи қасам мехӯрданд, ки дар хона як дона гандум надоранд. Қасами дурӯғ мехӯрданд. Дар он солҳо гурусна ба шер мезад, барои нон одам мекуштанд, агар мефаҳмиданд, ки фалончаю бисмадонча чаҳи гандум дорад, ба хонааш мепариданд, соҳиби гандумро кушта, гандумашро мебурданд. Барои ҳамин ҳам доштагию надошта ба кӯҳ мебаромаданд, решаи алаф мекофтанд. Мо ҳам дар хона як гарди орд, як чизи хӯрданӣ, ки надоштем, ҳамон рӯзи наҳс аз пайи қути лоямут, аз пайи решаи алаф шудем. Ман бел гирифтам, ҷувол ёфтам, модаратон ғами бачаашро хӯрда, даруни латтаю путтаи бисёр вайро печонд, лӯлак баст, лӯлак дар бағал аз паси ман ба кӯҳ мебаромад. Вай он рӯзҳо арӯсаки ҷавон, чаққону парон буд, баробарам медавид, ақиб намемонд, муаттал намешудам. Ҳар қадар ки баланд мебаромадем, ҳамон дараҷа роҳравӣ, роҳ ёфтан дар кӯҳ душвор мешуд, ба замми ин хунук, барф аз боридан намемонд, шамоли кӯҳ сард, барфро ба чашму рӯ мезад, барф сӯзан барин ба бадан мехалид, сангу сангпораҳоро ханҷолхарош мекардем. Ба ман осон буд ханҷолхарош. Аммо дастони очатон банди кӯдак, онро дар бағал, дар ҷои ҷон маҳкам медошт ва боз коре карда сангҳоро медошту худро боло мекашид. Худам аз рӯи тахмин ҷои решаи гиёҳро медонистам, тарафи дара мерафтем, очатон нафасгир мешуд, аммо ҳамоно аз ман ақиб мондан намехост. Барф , ҳама ҷо бо барф пӯшида, барфро аз рӯи гиёҳҳо бо дастамон мерӯфтем, баъд ман бел мезадаму очатон кӯдакро дар наздаш гузошта дудаста решаи гиёҳҳоро ғун менамуд, даҳони ҷуволро медоштаму ӯ гиёҳҳои ғуновардаашро ба ҷувол меандохт. Боз роҳӣ мешудем, боз ҷои решаи гиёҳ меҷӯстем, боз бо дасту панҷаҳои яхзадаамон барфи рӯи сангҳо, рӯи заминро мерӯфтем, дастонамон карахт, дигар ҳис намекардем, ки хунук мехӯрем ё не, суп-сурх, баъд каб-кабуд мегашт дасту панҷаҳо. Дилам ба ҳоли очатон месӯхт, аз хунукӣ сар то қадамаш меларзид. Бовар кунед, дар пойҳояш калӯш дошт, ба дараҷае хунук хӯрда, ки даруни барф будани пойҳояшро ҳис намекард, намедонист, ки роҳ меравад ё дар ҷой истодааст, боз кӯдак бори гарданаш, лӯлакро гоҳе мебардошту гоҳе боз ба рӯи барф гузошта, ҳамроҳам решаи гиёҳ ғун медошт, боз роҳ мерафтем, боз решаи гиёҳи сабилиро меҷӯстем, ҷувол қариб пур шуд, бо ҳамон ёфтаи сабилӣ шодӣ ҳам мекардем. Ба ақидаи очатон, кони гиёҳҳои хушхӯрро ёфта будем, насибаамон будааст, чандрӯза ғизоямон таъмин. Саргарми ғун овардани давлати ноёфтамон шуда, аз шаб, аз фуромадани торикӣ бехабар мондем. Торик шуд, ҷуволи пур аз решаи алаф дар пушт, рӯ ба роҳи баргашт шудем. Вақти кӯҳбароиамон рӯз буд, рӯзи равшан, фуромадани он дар шаб чи даҳшат, дар бағали очатон кӯдак рӯнишеб шудем. Ман пеш-пешу очатон аз пасам. Дар пушти банда ҷуволи бору дар бағали очатон тифлакаш, аз чӣ буда, ки кӯдак хомӯш, гӯё ях баста. Сангҳои сари кӯҳ ҳама ях, кӯҳ олами ях, мо ду нафар одамӣ-ману модаратон дар такопӯ, дар ҷустуҷӯи роҳ, мани роҳбалад роҳгум зада будам. Гирди як санги калон давр мехӯрдаму давр. Медидам, ки боз дар гирди ҳамон сангам, пеш мерафтаму пеш, вале медидам, ки боз рӯ ба баландӣ шудаам, пайроҳа бароям гум. Аз пою пар мондем, худам садқаи сар, очатонро дигар ҳолу мадор намонда. Ақиб мемонд, боз меистодам, «Искандар! Искандар!» номи бачаашро гирифта фарёд мезадам, овозаш намебаромад. Ҷуволи гиёҳҳо дар пушт боз ақиб гаштам. Аз ҷӯй гузашта наметавонистааст, аз дасташ доштам, аз рӯи яхпораҳо, аз ҷӯй гузашт. Дасташ дар дастам истодем, ҳушам канд, ҷон аз дасту поям баромад.

- Занак, - дар ҷоям шах шудам.

- Лаббай.

- Чӣ кор кардӣ?

- Чӣ кор кардам?

- Кӯдак канӣ?

 

(Идомаашро фардо соати 22-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД