Чанд рӯз пеш сокини деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ Валиева Бахтмо дар таваллудхонаи маркази ноҳия мазкур сегоник, ду писар ва як духтарро ба дунё овард.
Дар ин хусус ҳукумати ноҳия хабар дод. Гуфта мешавад, ки падари тифлони навзод Шаҳбоз Аҳмадов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари Русия дар қарор дорад.
Тавре мудири шуъбаи таваллудхонаи ноҳия иброз дошт, модари сегоникҳои Бахтмоҳи 21- сола бо фарзандонаш ба нигоҳубини махсус фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи табибони таваллудхонаи мазкур ҳоли модар ва кӯдаконаш хуб арзёбӣ мешавад.