Sebiston new 2024 october
Модарам зани шавҳарам шуд
10515

Дарде, ки ман дорам, ба гумонам дар тамоми дунё касе надорад. Маро бегона не, модари худам аз шавҳари ҳаққу ҳалолам, аз падари фарзандонам маҷбурӣ ҷудо кард. Бо ҷодугарӣ дили шавҳарамро аз ман чунон хунук кард, ки мардакам бо ман сагу пишак шуда монд. Маро бинад, албастиро дидагӣ барин мешуд падари фарзандонам. Ҳарчанд фикр мекардам, чӣ гуноҳ карданамро намедонистам. Сабаби бадбиниашро аз худаш пурсам, мегуфт: «Намедонам, туро бинам, чунон нафратам меояд, ки мехоҳам гулӯятро бӯғӣ карда кушам!» Ҷангу ҷидол ва моҷароҳои бе сабаб оқибат ба решаи бахтам табар заданд, шавҳарам маро ба хонаамон оварда дар назди аҳли оилаамон «талоқатро додам» гуфту баромада рафт. Мехостам писаронамро бо худ бигирам, вале модарам «хунашон ҳаром аст, мон раванд, ин сагбачаҳо хонаи маро ҳаром мекунанд» гуфта бачаҳоямро бо зӯрӣ аз ман ҷудо намуд ва ба мошини падарашон шинонда ба Хуҷанд фиристод.Рӯю мӯямро кандам, ки ақаллан Амирҷонам бо ман монад, вале модари сангдилам «парво накун, як моҳ нагузашта туро ба ягон бачаи хона медиҳам, як сол нашуда боз бачадор мешавӣ» гуфта, дастонамро маҳкам дошт, то аз паси мошин давида писарчаамро аз падараш кашида нагирам. Бадбахт шудам. Бо айби модар дар зиндагӣ бадбахт шудам. Маро ба як афғони бадбўй дода, ҳаётамро сўхтанд. Модарам аз афғон пули калон гирифта як бор тақдири фарзандашро андеша накард. Бо шавҳари дуюмам ҳамагӣ ду моҳ зиндагӣ кардем. Акнун фаҳмидам, ки модарам худаш арӯси ҳамон афғон будааст ва барои даҳони мардумро бастан маро қасдан аз шавҳарам ҷудо карда ба кавалераш додааст. Имрӯз модарам бо шавҳари ман дар хориҷа мисли зану шавҳар зиндагӣ карда истодааст. Аз минбари «Оила» ба падари фарзандонам гуфтаниям:
Дилшод, маро бубахш! Найранги модарамро надониста, аз ту талоқ пурсида, бадбахт шудам. Дигар ба рӯят нигоҳ карда наметавонам. Шабу рӯз «фарзандонам чӣ ҳол дошта бошанд» гуфта гиря мекунам. Дилшодҷон, ҳаминро бидон, ки мани бадбахт то канда шудани риштаи ҷонам бо ёди туву фарзандонам месӯзам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД