Ассалом, хонандаҳои азиз. Дар вақти навиштани ин нома ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад, чунки ин лаҳза модарам ҳамроҳам нест.
Рӯзе, ки модари ҷонам бемор шуданду ӯро ба таври фаврӣ ба беморхона бурданд, ман бо духтари дӯстдоштаам дар як зиёфат будам ва телефонамро кушта мондам. Он рӯз намедонистам, ки модарам садҳо бор занг зада, охирин суханҳояшро ба мани беандеша гуфтанӣ будааст, вале афсӯс, ки чунин имкон дигар ба ман даст намедиҳад.
Солҳо гузаштанду ман ҳоло соҳиби оила ва хонаву дар ҳастам, аммо ҳеҷ гоҳ худамро бахшида наметавонам. Кош, модарам маро бахшад, ки дар лаҳзаҳои марг хостанд яккаписарашонро бубинанд, вале мани сармасти ҳавои ҷавонӣ он лаҳза ба арӯсбозӣ банд будам.
М. С.