ИДОМААШ...
Бахтиёр ҷароҳатҳои вазнин гирифта, бо ёрии табибони дилсӯзу меҳрубон ва кордон баъди 6 моҳи табобат зинда монда, маъюби гурӯҳи якум гардид. Рӯзи сар задани ин ҷинояти мудҳиш мардуми деҳа аз ноодамию кирдори даҳшатбори мӯйсафеди Ҷониқул бо писаронаш Хуршеду Тухтабой содирнамуда ба шӯр омада, хонаву молу мулк ва автомашинаи сабукрави онҳоро оташ зада, ба хокистартӯда мубаддал карданд.
Оилаи Қодировҳо аз ғазаби мардуми ба по хеста мурданивор тарсида, аз деҳа фирор карда, ба шуъбаи милитсияи ноҳияашон рафта, дар он ҷо ҳаёташонро наҷот дода, тӯтивор ҷиноятҳои содир кардаашонро бо тамоми ҷузъиёташ пурра, муфассал нақл карда доданд. Ҷониқул Қодиров ва писарони қотилаш Хуршеду Тухтабой ба ҳабс гирифта шуданд.
Аҷоиботи кор дар он ифода ёфт, ки бо таъсири ҳамдиёрони ба шӯр омада Дилафрӯз, баъди ба ҳабс гирифта шудани падару бародаронаш маҷбур шуда, сирри ишқварзиашро бо писари ҳамсояқишлоқашон Ҳакимҷон ва аз ӯ фарзанд таваллуд карданашро иқрор шуд. Ҳакимҷон омада, Дилафрӯзу писарашро ба хонаашон бурда, никоҳ карда, ӯро ба занӣ гирифта, бо ҳам якҷоя зистанро оғоз намуданд. Дилафрӯзу Ҳакимҷон дар тафтишоти пешакӣ ва инчунин дар мурофиаи судӣ факти пинҳонӣ бо ҳам ишқварзиашонро сидқан қоил шуданд. Экспертизаи судӣ-тиббӣ падари писари Дилафрӯз будани Ҳакимҷонро исбот намуд.
Вақте ки дар интиҳо Қодиров Ҷониқул, писаронаш Хуршеду Тухтабой дар курсии судӣ аз ишқварзии Дилафрӯзу Ҳакимҷон ва аз Ҳакимҷон писарзоии Дилафрӯзро шуниданд, худро мисли мор дар фарши толори судӣ партофта, печутоб хӯрда, бо овози баланд доду фарёд зада, дар сару рӯй ва бадани худ бо мушт зада, ҳазорон бор аз бадгумонии фоҷиабори бемаънии худ нисбати Бахтиёр пушаймон гардиданд. Вале дигар ин пушаймонии бо дидаи хунбори онҳо изҳорнамуда суде надошт.
Дилафрӯзу Ҳакимҷон сабаби ошкор накардани сирри ишқварзии пинҳониашонро низ қоил шуданд. Онҳо аз тарси падару акаҳои ҷоҳилу золимтабиати Дилафрӯз дар ин бора муҳри хомӯшӣ ба лаб зада гашта будаанд.
Ин парвандаи ҷиноятиро суди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ҳаматарафа, пурра, холисона, объективона дар мурофиаҳои худ баррасӣ намуда, 17-уми августи соли 1992 ҳукми одилона баровард: Хуршед Қодиров ба ҷазои олӣ-қатл, падараш Ҷониқул Қодиров ба муҳлати 14 сол, додараш Тухтабой Қодиров ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҳукм ба қувваи қонуниаш даромада, ба иҷро расонида шуд. Дере нагузашта, Хуршед Қодирови ҷаллод парронда шуд ва ба аҳли авлоду оилааш хати сиёҳ омад.
Умедворем, ки чунин бадгумониҳои беасосу бедалел, рашку беандешагиҳои оилаи Қодировҳо, ки ба оқибатҳои вазнину ҷонкоҳ оварданд, барои дигарон дарси ибрат, мактаби ҳаёт мегардад. Дигарон аз ин сабақ гирифта, ҳаргиз ба ин кирдорҳо, хомфикрҳо роҳ намедиҳанд. Ҳар як кору кирдори худро пешакӣ дар мизони ақлу заковати худ чандин бор гаштаву баргашта баркашида, баъд содир менамоянд.
ДАВОМ ДОРАД...