Arzon march 2024
“Мо аз ҳайвон ҳофарқе надорем”-мегӯяд марди пойлуч
652

Рӯзномаи New York Times дар бораи Ҷозеф Дерувои 59-сола, сокини шаҳри Норволки Амрико дар иёлоти Коннектикут, ки тақрибан 20 сол боз пойафзол намепӯшад, нақл кардааст.

Ба гуфтаи Ҷозеф, ҳамааш тақрибан панҷ сол пеш аз баромадани iPhone-и аввал", яъне дар соли 2002 оғоз ёфта буд. Аз сабаби илтиҳоби мунтазам ва бурсити ангуштони калон, мард ният дошт ҷарроҳӣ кунад. Вай дар интизори табобат бе пойафзол роҳ мерафт, зеро дард хеле сахт буд.

Пас аз он ба Ҷозеф гуфтанд, ки дар вақти ҷарроҳӣ винтҳои аз метал сохташуда, ки ҳассосият дорад, дар пойҳояш насб карда мешаванд. Ва ӯ тасмим гирифт, ки барои ҳамеша аз пойафзол даст кашад.

Ҷозеф дере нагузашта фаҳмид, ки пойлуч роҳ рафтан ҳаётро хеле ғанӣ мегардонад. Барои ӯ роҳ рафтан хеле осонтар шуд. «Одамон дӯст намедоранд, ки онҳо ҳайвон ҳастанд. Онҳо ҳеҷ қабул кардан намехоҳанд, ки мо-одамон аз дигар махлуқҳое, ки дар гирду атроф сайр мекунанд, фарқе надорем ”гуфтааст Ҷозеф.

Мутаасифона, пойлуч гаштан ҷиҳатҳои манфии зиёде дорад. Тавре ки ҳамсари Ҷозеф Линя Эккери 61-сола мегӯяд, ки ӯ ва шавҳараш "аз бисёр ҷойҳо ронда шудаанд". Ҳарчанд қонуни Коннектикут ба одамон дар мағозаҳо ё тарабхонаҳо пойлуч гаштанро манъ намекунад, муассисаҳо озоданд, ки қоидаҳои худро мустақилона таҳия кунанд.

Ҷозеф ба ҳайси инструктори пилатес кор мекунад ва вақти холии худро дар наздикии хона мегузаронад. Соҳибони муассисаҳои ҳамсоя ӯро мешиносанд ва қабул мекунанд, илова бар ин, Лини, ки пойафзол мепӯшад, аксар вақт "ҳамчун пуле байни шавҳараш ва мардум (бозор, мағоза) хизмат мекунад".

Баъзан, вақте ки ҳамсарон ба ҷои нав, масалан барои хӯроки шом бо дӯстон мераванд, Ҷозеф барои он ки дар вазъияти ногувор наафтад, бо худ пойафзоли озодро мегирад.

Ҷозеф ҳамеша ҳамроҳаш айнаки офтобӣ бо пинсет дорад, ки бо он пораҳои металлу шишаро, ки ба пойҳояш ҳангоми сафар ё роҳравӣ мечаспанд, хориҷ мекунад. Ӯ ҳар рӯз пеш аз хоб оббозӣ мекунад, то пойҳояш ҳамеша тоза бимонанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД