Дирӯз, 17-уми сентябр, даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора Замира Абдусаломзода, сухангӯи Маркази миллии тестӣ ба Oila.tj хабар дод.
Гуфта шуд, ки дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок карданд.
“Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис карданд. Даври сеюми имтиҳон барои ҳар ду қисм – А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ баргузор шуд. Марказҳои имтиҳонӣ барои ин даври имтиҳонҳо дар 11 шаҳру ноҳия ташкил карда шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Зикр шуд, ки ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр расиданд ва ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад.
Замира Абдусаломзода гуфт, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 22‑юми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.