Formula novemver 2024
ММТ ба довталабон паёмаки дуюмашро ҳам фиристод
613

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 25-уми июли соли 2023 натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфтаанд, ки аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум)) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ё Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб шуда буданд.

Гуфта шуд, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш аз рӯйи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун тибқи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

“Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад”,-омадааст дар хабар.

Ба навиштаи сомонаи ММТ, агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси дар рӯйхати интихобҳояш аз 1‑ум поён ҷойгиршуда комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш ба ғайр аз комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида барои комбинатсия(ҳо)‑и ихтисос(ҳо)-и аз рӯйи он(ҳо) комёбнагардида низ бали гузариш нишон дода мешавад (яъне, аз комбинатсияи ихтисоси 1-ум то комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбшуда). Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб шуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад.

Дар сурати комёб гардидани довталаб тибқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттар (яъне, дар рӯйхати интихобҳо дар поёнтар ҷойгиршуда)-и довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Бояд гуфт, ки вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 06.08.2023 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”

2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”

Аз идора: Сухангӯи ММТ ба "Oila" ваъда дод, ки баъди нисфирӯзӣ омори дақиқи тақсимотро ба ихтиёри ин расона мегузорад. Мо онро ҳатман нашр мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД