Мӯмиё захми “Свиш”-ро ба зудӣ шифо мебахшад
28.09.2025
Oila.tj
196

Дар баданам захме пайдо шудааст ва чанд вақт боз ҳеҷ хуб намешавад. Табибон мегӯянд, ки ин «свиш» аст ва онро ҷарроҳӣ кардан лозим, вале ростӣ аз ҷарроҳӣ метарсам. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев бипурсам, ки бо ягон усули халқӣ ин захмро табобат карда мешавад ё не?

ЗАРРИНА, н. Рӯдакӣ

Посухи табиб:

- «Свиш”-ро гузаштагони мову шумо захми носур мегуфтанд. Аҷали ин захм мӯмиё аст. Касоне, ки захми носур доранд, бояд ҳар рӯз субҳ, қабл аз баромадани офтоб ва шаб, пеш аз хоб ба андозаи донаи гандум мӯмиё хӯранд ва аз берун гармбандӣ-компрес намоянд.

Барои гармбандӣ

5 гр., мӯмиёро дар 100 гр., об ҳал кунед. Докаро дар ин об тар карда, ба рӯйи захми носур гузоред ва як шабонарӯз накушоед. Табобатро то пурра шифо ёфтани захми носур идома додан лозим аст.

Давои алафӣ барои захм

Касоне, ки мубталои захми носур ҳастанд, ҳар рӯз алафи газандаро дар чойник дам карда, ба ҷойи чой бинӯшанд, ба зудӣ аз ин дарди бад шифо меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД