Formula novemver 2024
Мӯмиё ва сиёҳдона давои дилбеҳузурӣ
856

Мӯмиё ва сиёҳдона-давои дилбеҳузурӣ

Салом! Ман зани 35-сола ҳастам. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир дилам тез-тез беҳузур мешавад. Хӯроки сабук хӯрам ҳам, дилаи мешӯрад, бирёнӣ хӯрам ҳам, чанде пас дилам беҳузур шуда, хоҳиши қай кардан пайдо мешавад. Мехоҳам сабабашро фаҳмам. Барои халосӣ аз дилбеҳузурӣ чи кор кардан лозим аст?

Фирӯза, ш. Душанбе

Посух

Барои ба ин саволи хонандаамон ҷавоб ёфтан мо ба табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ муроҷиат намудем. Ин табиби машҳур гуфт:

-Дилбуҳузурӣ сабабҳои зиёде дошта метавонад. Дар бонувон ин иллат бештар дар давраи ҳомиладорӣ пайдо мешавад. Дилбеҳузурӣ бо сабаби бемориҳои меъда ва рӯда низ пайдо мешавад. Гирифтагии рӯда ҳам боиси дилбеҳузурӣ мегардад. Барои сабаби дилбеҳузуриро фаҳмидан ба духтур муроҷиат намуда, аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст. Ман ҳамчун гиёҳпизишк чанд давои халқиро тавсия медиҳам, ки барои халосӣ аз дилбуҳузурӣ кӯмак мерасонанд.

 Давои аввал

Касоне, ки дилашон беҳузур мешавад, оруқ мезананд ё зардаҷӯш шудаанд, бояд давоми 20-25 рӯз ҳар саҳар 0, 2 гр, мумиёро дар ним пиёла шири гарм ё обу асал ҳал карда, нӯши ҷон созанд. Одатан баъди 10-15 рӯзи истифодаи мумиё аз беморӣ дигар ному нишон намемонад, вале ба хотири мустаҳкам кардани саломатӣ табобатро идома додан беҳтар аст.

Давои дуюм

Сиёҳдонаро нарм кӯфта, ним қошуқчаашро бо каме об аралаш карда хӯред, дилбеҳузуриро бартараф менамояд. Ин даворо мо борҳо дар таҷриба санҷида, натиҷаашро дидаем, аз ҳамин хотир онро ба шумо тавсия медиҳем.

 Давои сеюм

Бодиёни румӣ (тмин)-ро кӯфта, рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок аз он ба миқдори 5 гр, гирифта бо об омехта карда, нӯши ҷон созед, дилатон баъди хӯрокхӯрӣ беҷо намешавад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД