Бо се фарзанд дар шаҳри Тюмени Русия қарор дорам ва мехоҳам кӯдаконамро ба боғча дода дар ягон ҷо кор кунам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, ба куҷо муроҷиат кунам?
Мо душаҳрванди дорем ва мароо ба ҷанг мебаранд. Гуфтанд, ки агар дар ҷанг вафот кунӣ, соҳиби 3 миллион рубли русӣ мегардед. Оё ин ҳақиқат дорад?
Марди рус маро чанд моҳ кор фармуд, веле акнун нисфи пуламро надода истодааст. Мо танхо шартномаи лафзӣ доштем. Метавонам пуламро тарики суд рӯёнида гирам?
Ба ин ва боз даҳҳо саволои дигари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сӯҳбати мизи мудаввар номзади илмҳои иқтисод, мудири шуъбаи муҳоҷирати аҳолии Институи демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Бобоев , Директори генералии ҶДММ “Асри нав” Суҳроб Тошев, ва намояндаи хадамоти муҳоҷират Хуҷаназар Акбаров ҷавоб гуфта, ба бисёр паҳлӯҳои муҳоҷират равшани меандозанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикронишон дода, ба муҳҷирон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.