Муҳаммад Мирзозода, муовини директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, бо нишони сарисинагии "Лидеры СНГ" аз рӯи номинатсияи авиатсияи гражданӣ қадрдонӣ гардид.
Озмуни мазкур миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи 15 номинатсия баргузор гардид. Дар озмун 1000 нафар иштирок намуда, беҳтаринҳо соҳиби ҷоиза гардиданд.
"Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии "Маркази рушди зеҳнӣ" ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 25 нафар беҳтаринҳоро аз ҳар номинатсия пешниҳод намуд, ки 10 нафар соҳиби ҷоиза гардиданд" , - гуфт Додхудо Шарифзода, директори генералии ТҶБ зимни суҳбат бо Oila.tj.