arzon replenishment
МИНТАҚАҲОИ СЕЛЗАДАРО БУНЁД МЕСОЗАНД?
17.05.2021
Р. Азимӣ
1663

Садо кай зи як даст дорад танин,

Ба ёрони ҳамдасти мо офарин.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми майи соли 2021 бо ташаббуси роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони ҳайати шахсии Раёсат ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо, дар баробари таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳамчунин баҳри рафъи камбудиҳо, тоза кардани кӯчаҳо ва манзилҳои истиқоматии ба оилаҳои бар асари офатҳои табии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дасти кумак дароз менамоянд.

13011302

Зикр кардан ба маврид аст, ки кормандони милитсия бо як дарки баланди масъулият бо роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар минтақаи селзада сафарбар гардида, кумаки худро дареғ надошта, тайи чанд рӯз аст, ки пайи бартараф кардани камбудиҳоянд ва дар ҳама лаҳзаҳо канори мардуми офатзадаи ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Вахш, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ, қарор доранд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД