Sebiston new 2024 october
МИНО: МАРО МОДАРАМ МАҶБУРАМ САРОЯНДА КАРДАНД!
07.09.2020
Сомон
4732

Мино Баҳруллоева, раққоса ва овозхони 23-солаи тоҷик ахиран иқрор шуд, ки на бо хоҳиши худаш, балки бо хоҳиши модараш аз рақс ба овозхонӣ рӯ овардааст.

Ӯ ин нуқтаро дар барномаи “Ногуфтаҳо” зикр кардааст. “14-сола будам ва дар ансамбли “Падида” рақс мекардам. Боре модарам гуфтанд, ки агар рақс кардан хоҳӣ, пас коре бикун, ки аз ҳама пеш бошӣ ва номат барояд. Мутаассифона, намедонам тӯю консертҳо кам шуданд ё дигар сабабҳо буд, ки он қадар машҳуру номдор шуда натавонистам, ҳарчанд солисти ансамбл будам. Баъд модарам гуфтанд, ки машҳур шуда натавонистӣ, акнун сароянда мешавӣ. Танҳо ба як шарт розӣ шудам. Гуфтам, ҳамагӣ як суруд мехонам, агар мардум хуш қабул кунанд, идома медиҳам, агар не, ба ансамбл бармегардам ва ҳамин тавр, роҳи ман боз шуд”,-бо шавқ нақл мекунад Мино.

“Ай ёр” нахустин таронаи ӯ мебошад, ки соли 2016 сароида буд ва баъдан ӯ таронаҳои “Бачаи дарвозӣ” ва “Кабки Данғара”-ро сароида, дар кӯтоҳтарин фурсат ба дилу дидаи мардум роҳ ёфт. Мино дар 4-солагӣ аз падар ятим монда, ҳоло ҳамроҳи модараш зиндагӣ дорад. Ягона бародараш бо ҳамсари русаш дар Маскав кору иқомат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД