Arzon march 2024
МИННАТИ ХУШДОМАН ДАР ҶОНАМ ЗАД
6299


Хушдоманам дӯзандаи моҳир аст. Имрӯзҳо дари моро даҳҳо мизоҷон кӯфта, дӯхтани ҳар гуна либосро дархост медиҳанд.

Хушдоманам аз куртаву пойҷома то хилъату нимтанаву костуму палторо дӯхта метавонад. Боре ба ман куртае дӯхта, дар ҳар нишасту хезам бо душвориҳо дӯхтанашро ба ёдам меовард. Гапҳояшро азёд карда будам. Ба наздикӣ ба оиладории ману шавҳарам 10 сол мешавад. Мехоҳам барои худаму духтарчаам либосҳои шинам дӯзонам. Бо шавҳарам маслиҳат кардем, ки якҷоя ба бозор рафта матоъ мехарем, аммо намехоҳам либосҳоямонро хушдоманам дӯзад ва духтаҳояшро ба ман миннат кунад. Хушдоманам фаҳмад, ки либосамро назди дигар дӯзанда бурдаам ба ман рӯзи хуш нишон намедиҳад. Маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?

Саодат, 32- сола

Маслиҳат:
Аз номаатон фаҳмидем, ки хушдомани шумо, новобаста ба калонсолиаш ҳанӯзам ба кори пурмашаққат машғул аст ва дар рӯзгор ҳиссаашро мегузорад. Бар замми ин, ба шумо либосро бепул медӯзад. Дар ин сурат аз хушдоманатон қарздор мешавед ва вай ҳақдорад арзи миннатдории шуморо талаб кунаду дар
сурати беаҳамият монданаш ишораҳо намояд. Барои ҳолатро тағйир додан, ду вариант ҳаст. Якум: барои дӯхтани куртаи хушрӯй ба хушдоманатон, ба арзиши ҳамон дӯхт, ки дигар дӯзандаҳо медӯзанд, чун арзи миннатдорӣ, тӯҳфаҳаке тақдим кунед. Он гоҳ вай дигар «инро дӯхтанаш душвор буд», гуфта таъна намезанад. Дуюм: агар нахоҳед, ки либосатонро хушдоманатон дӯзад, ба дӯзандаи дилхоҳ дархост диҳед
ва ба хушдоманатон фаҳмонед, ки бинобар кори зиёд доштани ӯ куртаро ба дӯзандаи дигар додед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД