Сафири Тоҷикистон дар Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ дар мулоқоташ бо Абдулҳоди Бахит Барқан, директори генералии ширкати Ҷусур (Qatar Manpower Solutions Co. Jusour) роҳҳои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатарро баррасӣ кардааст.
Qatar Manpower Solutions Co. (Jusour) як ширкати саҳомии моликияти Ҳукумати Қатар буда, ба зиёд кардани қувваи кории Қатар ва таҳкими рушди динамикии кишвар машғул аст. Фаъолияти ин ширкат ба мусоидат ҷиҳати вуруди қувваи корӣ ба Қатар ва таъмини нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисон дар дохили давлат равона шудааст.
Ширкат ба донишҷӯён, шаҳрвандони хориҷӣ ва онҳое, ки мехоҳанд дар ин кишвари арабӣ соҳиби ҷойи кор шаванд, барои дарёфти раводид ва ҷойи кор кумак мекунад.
Баъди имзои созишномаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ имкон доранд, ки бо кумаки ширкати мазкур ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Қатар сафарбар карда шаванд.