Аввалин ҳавопаймои хурди ширкати Raimon Airways - Embraer ERJ бо 15 мусофир аз шаҳри Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистон парвоз кард.
Гуфта мешавад, ки сафар дар ин хатсайр тақрибан якуним соат тӯл мекашад. Чипта 110 доллар, муодили 1020 сомонӣ бо қурби ҷорӣ арзиш дорад.
Тайёраи тамғаи Embraer ERJ дорои ғунҷоиши 45 мусофир будааст. Ҳоло миёни шаҳрҳои Душанбеву Машҳад ҳавопаймоҳои ширкати эронии Varesh Airlines низ парвоз мекунанд.