Салом! Ман як модари аламдор ҳастам ва мехоҳам тақдири талхи духтарамро нақл карда, аз хонандагон маслиҳат бипурсам.
Ман як зани азияткашида ҳастам ва духтари яккаву ягонаамро ба танҳоӣ калон кардаам. Шавҳарам як марди бангӣ буд ва ҳар гоҳ, ки ӯро хумори нашъа гирад, маро бераҳмона зери мушту лагад гирифта, чунон мезад, ки аз даҳону биниам хун ҷорӣ мешуд ё ягон ҷоям мешикаст. Чанд маротиба ҳомила шудам, вале кӯдаконам аз мушту лагади шавҳарам дар батнам мурданд, фақат як духтарамро зиндаю саломат гирифта тавонистаму халос. Оқибат дили шавҳари золимам аз истифодаи зиёди нашъа аз кор монда, ҷавонмарг шуд.
Азбаски дилам аз ҷинси мард тамоман сард гашта буд, баъди сари шавҳарам дигар ба шавҳар набаромада, ҳаётамро ба духтари яккаву ягонаам бахшидам ва бо садҳо орзую ҳавасҳои ширин калон кардамаш. Дар 18-солагӣ ба духтарам аз як оилаи сарватмнад хостгор баромад. Азбаски худам ранҷу азоби бисёр кашида, хориву зориҳои зиёд дида будам, духтарам мисли худам азият накашад гуфта, розигӣ додам. Гумон доштам, ки дар чунин хонадони серу пур духтарам мисли малика зиндагӣ мекунад, аммо хаёлам хом баромад.
Шӯйи духтарам низ мисли падараш нашъаманд будааст. Домоди бангӣ дар панҷ соли зиндагиашон ҷони духтари бечораамро ба лабаш овардааст. Мудом ӯро мезанад, чанд бор шуд, ки дар болояш зан мегирад. Ин беимон баъзан шабҳо маъшуқаҳояшро ба хона оварда, дар пеши чашми духтарам бо онҳо ҳар хел нағмаҳои бемаънӣ мекардааст.
Духтарам мегӯяд, ки дигар тобу тоқати чунин зиндагии пур аз дардро надорад. Метарсам, ки ягон рӯз аз ҷабри шавҳар даст ба худкушӣ назанад.
Чанд бор назди қудо рафта, хоҳиш кардам, ки писарашонро насиҳат кунанд, вале ба ҷойи он ки пеши роҳи фарзандашонро бигиранд, бо ситеза мегӯянд, ки духтари ту як гадодухтар аст, бояд ҳар рӯз сад бор шукрона кунад, ки ба чунин оилаи бою бадавлат афтодааст...
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Духтарамро бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо кунам ё ягон роҳи дигари ҳалли масъала ҳаст?
Т. О.