Фоҷиаи ба сари мардуми Туркия омада, ягон инсони соҳибдилро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯзҳо аз тамоми гӯшаву канори олам ба Туркия кӯмакҳои башардӯстона мефиристанд ва даста-даста ихтиёриён ба ин сарзамини фалокатзада меоянд, то ба ҳазорон-ҳазор одамони бар асари заминларзаи шадид осебдида ёрӣ расонанд ва дар кофтукоби шахсоне, ки дар зери вайронаҳо мондаанд, кӯмак кунанд.
Футболбози машҳури ҷаҳон Месси низ нисбати тақдири мардуми турк бетараф намонда, ба осебдидагони офати табиӣ дар Туркия 3, 5 миллон евро кӯмак расонд. Лео Месси яке аз беҳтарин футболбозон дар таърихи футбол ба шумор меравад.