Меҳрубон Сангинов, муштзани 26-солаи тоҷик ва раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи авбошон қарор гирифтааст.
Тавре “пресса тҷ” хабар додааст, ин муштзани тоҷик солҳои охир дар Амрико машқу ҳунарнамоӣ мекунад ва рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ вақте ба хабаргирии пайвандонаш ба шаҳри Душанбе меояд, ҳадафи ҳамлаи авбошон қарор гирифта, бо ду зарбаи корд дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ гардида, ҷарроҳӣ шудаст.
Ин ҳамла боиси лағви набарди навбатии ӯ барои дарёфти мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи Иттиҳодияи умумии ҷаҳонии бокс (WBА) шуд. Ин набард моҳи декабри соли ҷорӣ дар Орландои Амрико баргузор мешавад.
Меҳрубон Сангиново бори охир моҳи июли соли 2022 муштзани колумбиягӣ Ҷанер Гонсалесро шикаст дода, дар рейтинги WBА аз зинаи 14 ба зинаи 9-ум баромад ва ҳаққи мубориза барои мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд.
Мақомоти кишвар то ҳол дар мавриди ҳамла ба варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинов вокуниш накардаанд.
Меҳрубон Маҳмудович Сангинов 3-юми феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Боксёри касбӣ, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон. Аз соли 2017 раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе.
Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон унвони қаҳрамони бокси ҷаҳон дар байни ҷавононро тибқи фарзияи WBC ба даст овард. Моҳи январи соли 2021 Меҳрубон чемпиони WBA NABA ва тобистони соли 2022 чемпиони WBA America continental дар вазни миёна шуд. Ӯ аз моҳи феврали соли 2021 дар вазни худ дар рейтинги WBA дар байни 15 муштзани аз ҳама қавӣ ҷой гирифтааст.