goodwell
Мероси Борбад дар ҳамоиши байналмилалӣ
18.11.2026
Оила
108

Мероси Борбад дар ҳамоиши байналмилалӣ

26–29 ноябри соли 2026 дар Театри миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҳаёт, фаъолият ва мероси мусиқии Борбади Марвазӣ баргузор мегардад.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс олимону муҳаққиқон, мусиқишиносон, устодони муассисаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳангу санъат, ҳунармандон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок мекунанд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳқиқ ва муаррифии мероси илмӣ, фарҳангӣ ва мусиқии Борбади Марвазӣ, инчунин омӯзиши нақши ӯ дар рушди мусиқии касбии тоҷик ва тамаддуни мусиқии Шарқ мебошад.

Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти Борбад, мақоми ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ва Шарқ, созҳои мусиқии давраи Сосониён, рушди мақом ва таъсири мероси ӯ ба фарҳанги мусиқии минтақа баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ, муҳокимаҳои тахассусӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардида, масъалаҳои ҳифз, эҳё ва тарғиби мероси мусиқии миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД