Arzon march 2024
Меҳрона тавассути “Au Pаir” ба Олмон рафтааст
1177

Меҳрона Мирзоева тоҷикдухтарест, ки дар шаҳри Мюнхени Олмон дар ихтисоси робитаи фарҳанг ва ғизо таҳсил мекунад.

Ӯ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаву ба воя расидааст. Хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад. Давоми таҳсил дар маркази забономӯзие то андозаи муайян забони олмониро аз худ карда, тавассути барномаи “Au Pаir” ба Олмон сафар кардааст.

Имсол Меҳрона хатмкунанда буда, дар гурӯҳашон ягона тоҷикдухтаре мебошад, ки дар ин ихтисос таҳсил карда истодааст.

Айни замон ӯ дар шаҳри Мюнхен дар меҳмонхонае таҷрибаомӯзӣ мегузарад. Дар баробари таҳсил дар Олмон, ӯ боз ба дигар давлатҳо низ сафар кардааст.

Тавре Меҳрона қайд кард, пас аз хатми донишгоҳ ҳоло намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Аз сабабе, ки ҳоло ӯ дар хобгоҳ зиндагӣ карда истодааст, нақша дорад, ки баъди хатми донишгоҳ хонае ба иҷора гирад ва дар дигар ҳотелҳо кор кунад.

Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, Меҳрона дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” низ фаъол аст. Айни ҳол ӯ дар саҳифаи Инстаграми худ 32 ҳазор обуначӣ дорад, ки ба обуначиёнаш тарзи тайёр кардани хӯрокҳои гуногунро нишон медиҳад.

Дар оянда нақша дорад, ки ба ватан баргашта, ба ҷавонони Тоҷикистон ёрӣ диҳад, то ба Олмон рафта, таҳсил кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД