Sebiston new 2024 october
Меҳрона Бозорова мехоҳад ба ҷавонон кумак расонад
921

Меҳрона Бозорова зодаи шаҳри Конибодом буда, дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №6 таҳсил кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна ғолиби барномаи FLEX шуда, синфи 12-умро дар Амрико хондааст ва ҳоло донишҷӯи риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Меҳрона дар баробари таҳсил дар маркази омӯзишие ба ҳайси омӯзгор ба хоҳишмандон забони англисӣ меомӯзонад.

Сараввал волидони Меҳрона мехостанд, ки ӯ касби духтуриро интихоб кунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ӯ тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷатҳояшро супорид ва ба онҷо дохил шуд, аммо баъди ғолиб шудан дар барномаи FLEX волидонашро розӣ карда, ба Амрико рафт. Аз сабабе, ки шароити зиндагиашон пасттар буд, ӯ донишҷӯи Амрико неву аз Қириғизистон шуд. Айни ҳол ӯ дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври ройгон таҳсил карда истодааст. Меҳрона дар донишгоҳи Қирғизистон забони русӣ ва қирғизиро низ омӯхта истодааст.

Ҳангоми таҳсил дар мактаб Бозорова Меҳрона дар мавзӯи “Таърихи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳқиқот анҷом дода, моҳи майи соли 2021-ум дар озмун иштирок кардаву сазовори ҷойи якум дар шаҳри Душанбе гашт. Ҳамзамон Меҳрона муаллифи китоби “Шукри Истиқлол”аст.

Дар оянда мехоҳад ба ҷавононе, ки мехоҳанд дар Амрико таҳсил кунанд, кумак расонад, то роҳашон ба сӯи илму дониш осон боз гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД