Меҳрнигори Рустам, оҳангсоз ва овозхони 26-солаи тоҷик ба баста будани роҳҳо нигоҳ накарда, боз ба Амрико рафтааст. Чанд муддат аст, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии худ на аз Тоҷикистон, балки аз Амрико расму навор нашр мекунад.
Як манбаи мӯътамад низ ба хабарнигори “Оила” ба Амрико рафтани овозхонро тасдиқ кард. “Бале, чанде пеш ба Амрико рафт, вале сабаби рафтанашро намедонам”,-гуфт ҳамсуҳбати мо ба шарти набурдани номаш. Меҳрнигори Рустам охири соли гузашта “корти сабз”-и Амрикоро ба даст оварда, ба ин кишвар рахти сафар баста буд ва ният дошт, ки ба яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Амрико дохил шаваду дар баробари ин, санъаташро пеш барад. Аммо баъди чанд моҳи зиндагӣ дар Амрико, овозхон боз ба Тоҷикистон баргашт. “Ба Амрико рафтанам ин маънои онро надорад, ки барои ҳамеша рафтаам. Ман Ватани худ, мухлисони худро дӯст медорам.
Баъдан, хонаводаи ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Ман меравам, боз меоям ва боз меравам”,-гуфта буд Меҳрнигор дар яке аз мусоҳибаҳояш. Он замон ӯ илова карда буд, ки боз ба Амрико меравад ва инак, ӯ боз дар Амрикост.