Меҳрнигори Рустам, овозхон ва оҳангсози 26-солаи тоҷик ҳамроҳи модару як гурӯҳ дӯстонаш ба “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт рафтааст.
Аз наворе, ки овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст, дида мешавад, ки ӯ ба хабаргирии ҳайвонҳо дасти холӣ нарафта, балки миқдори зиёди меваву сабзавотро бо худ бурдааст. Ҳамчунин, Меҳрнигор бо кӯмаки кормандони “Боғи ҳайвонот” савғотиҳояшро ба ҳайвонҳо тақсим карда, аз нафарони хайрхоҳу савобҷӯ низ даъват ба амал овардааст, ки дар ин ҳавои сард ба хабаргирии ҳайвонҳо биёянд ва то қадри имкон ба онҳо кӯмак кунанд. Ин бори нахуст нест, ки Меҳрнигори Рустам ба хабаргирии ҳайвонҳо меравад. Чанд ҳафта қабл низ ӯ аз “Боғи ҳайвонот” дидан намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока бурда буд.
Қисме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ амали Меҳрнигорро ҷонибдорӣ кардаанд, аммо бархеи дигар навиштаанд, ки “ба дидани ҳайвонҳо неву ба хабаргирии ягон оилаи камбизоат мерафт, хуб мешуд” ва ба “Боғи ҳайвонот” рафтани овозхонро кори бад гуфтаанд. Бояд қайд кард, ки имсол дар шаҳри Душанбе сохтмони “Боғи ҳайвонот”-и муосир оғоз гардида, он барои 1500 сар ҷонвар ва дар майдони 13 гектар бунёд хоҳад шуд.