Меҳрнигори Рустам яке аз сарояндаҳои саршиноси кишвар аст. Чанд вақт қабл сурудҳои ин сарояндаро дар Телевизиони Тоҷикистон ва дигар телевизионҳо танқид карданд. Мехоҳед бидонед, ки Меҳрнигор ба танқиди онҳо чӣ посух дод? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Меҳрнигори Рустам зимни суҳбат бо мухлисон дар бораи танқид намудани сурудҳояш чунин посух гуфт: “Пас аз муддати тӯлонӣ мехостам ТВ Тоҷикистонро тамошо кунам. Вақте онро мондам, дидам, ки боз таронаи “Ҷодугар” ва “Кобӣ” зери танқид қарор гирифт. Як мавзӯро нишон медиҳанду нишон медиҳанд. Гӯё ба ҷуз мавзӯи таронаҳои Меҳрнигор дигар мавод надошта бошанд. Ман ҳайронам. Ба наздикӣ клип-таронаи навам мебарояд, барои ТВ Тоҷикистон маводи нав аст, истифода баранд”.
Ёдовар мешавем, ки суруди нави Меҳрнигор “Фирорӣ” ном дошта, 24-уми май соати 17 дар ютуб-канали худаш пешкаши мухлисонаш мегардад.