arzon replenishment
МЕҲРИНИГОРИ РУСТАМ: ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН РӮҲАФТОДААМ КАРДААСТ!
2784

 

 


Меҳринигори Рустам, бонуи саршиноси тоҷик, ки муддат дар хориҷи кишвар қарор дорад, дар инстаграмаш аз иштироки худро дар базми 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтони ИМА хабар додааст.

Бояд зикр кард, ки Меҳрнигор бо даъвати сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар онҷо ҳунарнамоӣ мекунад.

Ӯ дар як пахши мустақими худ дар инстаграм дар бораи вазъи кунунии Афғонистон андешааро баён карда, чунин гуфт:
Умедворам, ки мардуми Афғонистон дар ватани худ зиндагии хубро соҳиб мешаванд. Мо ҳамавақт дуогӯ ҳастем, ки тинҷиву оромӣ онҷо ҳукмфармо бошад. Ҳамеша дар фикри Афғонистон ҳастем ва аз вазъияти кунунии ӯ рӯҳафтода низ шудаем. Мебинем, ки хеле мардум ноором ҳастанд, воқеаҳои охири ин кишвар ба ҳамагон маълум аст. Худо кунад, ки мушкилии шумо мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанги моро Худо осон созад, дар давлати шумо тенҷию оромӣ ҳукмфармо бошад. Мо бо шумоем. Ҳарчанд дур ҳам бошем, қалби мо бо шумост, дуоҳои мо барои шумост.

Дар консерт, ки бахшида ба 30 солагии истиқлолият аст, Меҳрнигор пеш аз суруд хондан бо овози зинда тамоми ҳамватанонро бо ҷашни истиқлолият табрик гуфт.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД