Arzon march 2024
Меҳрангез Ҳасанзода: Падару модарам зидди сароянда шудани ман буданд, вале...
601

Меҳрангез Ҳасанзода яке аз ҷавонони серталоши тоҷик мебошад, ки дар чандин ҷода муваффақ гаштааст. Имрӯз мо дар бораи пайроҳаи зиндагии ин ҷавондухтари зебо ва пурҳунар ба шумо маълумот медиҳем.

Меҳрангез аз овони кӯдакӣ мехост сароянда шавад, аз ҳамин хотир ду сол дар мактаби мусиқӣ таҳсил карда, баъдан ба мактаби миёнаи ҳамагонӣ гузаштааст. Ин духтараки боистеъдод то синфи нуҳум дар маҳфилу консертҳо баромад мекард, вале баъдан волидонаш ба ин шуғли ӯ монеагӣ мекардагӣ шуданд.

Модар аз роҳи санъатро пеш гирифтани духтараш дар ҳарос буд. Вай аз он метарсид, ки пешаи интихобкардаи Меҳрангез дар оянда боиси нофаҳмӣ ва гапу калочаи мардум гашта метавонад. Аз ҳамин сабаб волидонаш дар назди ӯ шарт гузошта, гуфтанд, ки ҷуз сарояндагӣ кадом пешаеро интихоб намояд, розиянд.

Ба хотири падару модараш Меҳарнгез маҷбур шуд, ки пешаи дигарро интихоб намояд.

Ҳамин тавр, баъди хатми мактаби миёна Меҳрангез Ҳасанзода ба факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шуд ва онро бомуваффақият хатм кард. Вай ҳамчун мутахассиси ҷавон дар ширкати лоиҳакашии “Архиком” фаъолият менамояд. Шуруъ аз соли 2015 Ҳасанзода ба кори амалӣ оғоз карда, дар муддати 9 соли фаъолияташ дар аксари шаҳраку ноҳияҳои кишварамон лоиҳаҳои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои миёнаи умумӣ, марказҳои омӯзишиву варзишӣ, меҳмонхонаю биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, тарабхона ва дигар иншоотро таҳрезӣ кардааст.

Па саз 12 сол Меҳрангез Ҳасанзода боз ба сурудхонӣ рӯ оварда, таронаи “Хонаи мо он қадар ҳам дур нест”-ро, ки ба қалами шоири машҳури тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мутааллиқ аст ва онро бастакори шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ оҳанг бастааст, бозхонӣ намуд. Таронаи мазкур аз ҷониби тамошобинон хеле хуб пазируфта шуд.

Ҳамин тавр, Меҳрангез 10 таронаро бозхонӣ кард. Ин ҷавондухтари ҳунарманд мехоҳад пеш аз сурудҳои муаллифӣ нашр кардан, аввал самту равияашро дар овозхонӣ муайян намояд.

Қаҳрамони мо орзу дорад, ки таронаҳои пурмаънӣ эҷод намуда, ҳамчун сарояндаи касбӣ эътироф шавад ва баъдан барномаи консертиашро дар ягон толори калони консертӣ барпо намояд.

Мо ба Меҳрангез Ҳасанзода дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ барору комёбиҳои нав ба навро орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД