35 years of independency
МЕЪМОРЕ АЗ ДИЁРИ БОСТОН
67

МЕЪМОРЕ АЗ ДИЁРИ БОСТОН

Ободии ҳар як макон пеш аз ҳама ба меҳнати одамони созандаву бунёдкор, мутахассисони варзида ва шахсоне вобаста аст, ки умри худро ба пешрафти диёр мебахшанд. Яке аз чунин мутахассисони соҳибтаҷриба Аслон Собиров мебошад, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчун меъмор дар ободиву пешрафти шаҳри бостонии Истаравшан саҳми арзанда гузоштааст.

Аслон Собиров 29 августи соли 1946 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.   Мавсуф   аз ҷавонӣ ба меъмориву бунёдкорӣ таваҷҷуҳ дошту роҳи зиндагии худро ба ҳамин самт пайванд дод. Баъди хатми мактаби миёна ба Институти политехникии Тоҷикистон таҳсил намуда онро бо ихтисоси «меъмор» хатм кард. Фаъолияти меҳнатияшро соли 1968 ҳамчун лоиҳакаш дар Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷик-гипрострой» дар шаҳри Хуҷанд оғоз кард. Кор дар ин боргоҳбарояш имконият дод, ки тарҳрезӣ, меъморӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмонро пурра аз худ намояд.

Аслон Собиров соли 1970 пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияташро дар МИҲД-и шаҳри Истаравшан ҳамчун муҳандис идома дод. Сипас солҳои 1973–1975 баҳайси сардори бахши меъмории шаҳри Истаравшан фаъолият кард. Дар ин давра барои рушди меъмории шаҳр ва татбиқи корҳои ободониву созандагӣ саҳми бориз гузошт.

Солҳои 1975–2004 Аслон Собировро   сардори раёсати таъмиру сохтмон (РСУ)-и шаҳри Истаравшан таъин карданд. Ӯ лоиҳаи як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро таҳия намуд.   Дар байни онҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бинои суди шаҳрӣ, ду хонаи истиқоматии 32-ҳуҷрагӣ, бинои матбааи шаҳр, корхонаи асфалтбарорӣ бо иқтидори 250 тонна, хонаи истиқоматии 40-ҳуҷрагӣ ва 12 қитъаи замини наздиҳавлигӣ мавқеи намоён доранд.

Аслон Собиров ҳамзамон дар сохтмони яке аз иншооти муҳими соҳаи энергетика — зеристгоҳи барқии 500 киловатта ва хатти баландшиддати «Ҷануб–Шимол» саҳми арзанда гузоштааст. Бунёди чунин иншоот барои рушди иқтисодӣ, таъмини устувории шабакаҳои барқӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори энергетикии кишвар аҳамияти калон дорад. Саҳми чунин мутахассисон дар иҷрои корҳои созандагӣ бозгӯи он аст, ки касби меъморӣ ва сохтмон танҳо ба тарҳрезии биноҳо маҳдуд намешавад, балки бо рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва иқтисоди кишвар пайванди ногусастанӣ дорад.

Солҳои 2004–2009 Аслон Собиров ҳамчун сардори шуъбаи сохтмони «Шабакаҳои барқи Истаравшан» фаъолият намуда, таҷрибаи чандинсолаашро ба сохтмони инфрасохтори энергетикӣ равона кард. Дар ин вазифа низ ӯ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва рушди соҳаи энергетикӣ саҳм гузошт.

Аслон Собиров кӯшиш мекард ҳар як лоиҳаи сохтмон ба талаботи мардум ҷавобгӯ, боэътимод ва ба ободии шаҳр мусоидаткунанда бошад. Аз ин рӯ, фаъолияти ӯ дар Истаравшан бо саҳифаҳои муҳими рушди сохтмон ва шаҳрсозии ин диёри бостонӣ пайванди қавӣ дорад.

Нақши Аслон Собиров ҳамчун меъмор дар ободии шаҳри Истаравшан қобили зикр аст. Ӯ аз ҷумлаи он мутахассисонест, ки донишу таҷрибаи касбиро ба манфиати ҷомеа истифода бурдааст. Солҳои фаъолияти ӯ ба давраҳои гуногуни рушди шаҳр рост омада, дар ҳар як марҳила тавонистааст таҷрибаи андӯхтаашро ба созандагӣ равона созад. Маҳз ҳамин масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб боис гардид, ки дар миёни ҷомеа яке аз беҳтарин меъморони шаҳри Истаравшан эътироф гардад.

Барои меҳнати софдилонаву содиқонааш Аслон Собиров бо даҳҳо сипосномаву ифтихорномаи соҳавӣқадрдонӣ шудааст. Ин қадршиносӣ, пеш аз ҳама, нишони эҳтиром ба заҳмати чандинсолаи мутахассисест, ки умри худро ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст.

Имрӯз Аслон Собиров дар нафақаи меҳнатӣқарор дорад. Вале натиҷаи фаъолияти чандинсолааш дар симои шаҳри Истаравшан, дар биноҳои сохташуда, иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои созандагие, ки дар онҳо саҳм гирифтааст, боқӣ мондаанд.

Аслон Собиров аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки бо донишу таҷрибаву масъулиятшиносӣ дар ободии Истаравшан саҳм гузоштааст. Имрӯз, вақте ба кӯчаҳо, биноҳо ва иншооти ободшудаи Истаравшан назар меафканем, бемуҳобо   меҳнату заҳмати   насли чунин мутахассисони фидоиро мебинем.

     Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД